Ҳаким Фузайлов: Фаластинро эҳтиром мекунем, вале ҳарос надорем

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов қабл аз вохӯрии дӯстона бо тими мунтахаби Фаластин, ки имрӯз, 6 сентябр дар варзишгоҳи байнулмилалии “Дора” дар Хеврон доир мегардад, дар нишасти хабарии қабл аз бозӣ дар бораи ҳарифи имрӯзаи дастааш ибрози андеша намуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҳаким Фузайлов изҳор доштааст, ки тими Фаластин […]

Аваз Юлдошев

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов қабл аз вохӯрии дӯстона бо тими мунтахаби Фаластин, ки имрӯз, 6 сентябр дар варзишгоҳи байнулмилалии “Дора” дар Хеврон доир мегардад, дар нишасти хабарии қабл аз бозӣ дар бораи ҳарифи имрӯзаи дастааш ибрози андеша намуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҳаким Фузайлов изҳор доштааст, ки тими Фаластин дастаи пурзӯру қавӣ буда, дар он якчанд футболбозоне ҳунарнамоӣ мекунанд, ки суръати хуби бозиро доранд.

“Мо бозиҳои ин даста дар марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 ва вохӯриҳои он бо дастаҳои гуногунро тамошо ва мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор додем. Аз ин рӯ, дар бораи ин даста маълумоти кофӣ дар даст дорем, ҳарифамонро эҳтиром мекунем, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ягон ҳаросе аз он надорем”, – гуфтааст Ҳаким Фузайлов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.