Ҳуқуқшиноси ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ озод шуд

Зарафо Раҳмонӣ, узви маҳкумшудаи Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон тибқи қонуни авф аз маҳбас озод шуд. Ягона зан миёни аъзои фаъоли маҳкумшудаи ҲНИТ ба ду соли зиндони низоми умумӣ муҷозот шуда буд. Ӯ соҳиби 4 фарзанди ноболиғ аст. Маҳмад, писари Зарафо Раҳмонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, модараш рӯзи душанбе, 5 сентябр […]

Asia-Plus

Зарафо Раҳмонӣ, узви маҳкумшудаи Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон тибқи қонуни авф аз маҳбас озод шуд. Ягона зан миёни аъзои фаъоли маҳкумшудаи ҲНИТ ба ду соли зиндони низоми умумӣ муҷозот шуда буд. Ӯ соҳиби 4 фарзанди ноболиғ аст.

Маҳмад, писари Зарафо Раҳмонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, модараш рӯзи душанбе, 5 сентябр раҳо гардида, айни замон ҳамроҳи оилааш аст. Ба гуфтаи ӯ, вазъи солимии модараш начандон хуб буда, аз ин рӯ, як муддат бояд табобат гирад ва сипас бо журналистон вохӯрда метавонад.

Зарафо Раҳмонӣ аз рӯи тамоми меъёру ҳолатҳои ҳуқуқӣ тибқи талаботи моддаи 1 ва 7-и қонун мавриди авф қарор дода шудааст.

Зарафо Раҳмонӣ, мушовир оид ба масоили ҳуқуқии ҲНИТ соли гузашта ҳамроҳ бо 13 аъзои воломақоми ҳизб боздошт шуда буд, ки онҳо ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода ва даст доштан дар исёни моҳи сентябр айбдор дониста шуданд. Моҳи июни соли равон онҳо ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.