Даъвати ширкатҳои сохтмони Япония ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ дар чорабинӣ оид ба чораҳои идоракунии хатарҳои сейсмикӣ ва технологияи Япония иштирок намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати замин, инфрасохтор, нақлиёт ва туризм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Япония ва ширкатҳои маҳаллӣ барои намояндагиҳои дипломатии муқими Япония ташкил карда шуд. Дар […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ дар чорабинӣ оид ба чораҳои идоракунии хатарҳои сейсмикӣ ва технологияи Япония иштирок намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати замин, инфрасохтор, нақлиёт ва туризм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Япония ва ширкатҳои маҳаллӣ барои намояндагиҳои дипломатии муқими Япония ташкил карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ намояндагони ширкатҳои японии “Japan Bosai Platform”, “Nippon Steel & Sumikin Metal Products” ва “GIKEN Ltd” дар бораи фаъолияти ширкатҳои худ дар бахшҳои саноати сохтмон, тарҳи меъмории иншоот ва истеҳсоли технологияи пешрафта ва инфрасохтор, ки барои паст кардани офатҳои табиӣ равона шудаанд, маърӯза намуданд.

Пас аз ин иштирокчиён аз Донишкадаи тадқиқот ва рушди Takenaka ба мақсади шиносоӣ аз ширкати Takenaka, ки дар соҳаи саноати муҳандисӣ-меъморӣ ва сохтмонии Япония фаъолияти менамояд, дидан намудаанд.

Дар доираи ин чорабинӣ, Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндагони ширкатҳои “Japan Radio Co. Ldt”, “GIKEN Ltd”, “Kozo Keikaku Engineering Inc”, “HITACHI Zosen Corporation”, “Fujitsu Limited”, “Nippon Steel & Sumikin Metal Products”, “Japan Bosai Platform”, “Kokusai Kogyo” ва “Takenaka Corporation” мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳамтои худ аз Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи сохтмони саноатӣ ба мақсади пешгирии офатҳои табиӣ саҳм гиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.