Душанбеву Остона ҷонибдори рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангу варзиш

Дар Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон вохӯрии сафири Тоҷикистон Назирмад Ализода бо вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳаммедиули баргузор гашт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушд ва густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳангу варзиш муҳокима намуда, ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳои муштарак, рӯзҳои фарҳангӣ, конфронсу вохӯриҳо, инчунин табодули […]

Asia-Plus

Дар Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон вохӯрии сафири Тоҷикистон Назирмад Ализода бо вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳаммедиули баргузор гашт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушд ва густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳангу варзиш муҳокима намуда, ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳои муштарак, рӯзҳои фарҳангӣ, конфронсу вохӯриҳо, инчунин табодули таҷриба байни ансамблҳо ва гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистону Қазоқистонро ба мақсад мувофиқ шумориданд.

Роҳбари намояндагии дипломатии тоҷик барои мусоидат дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон миннатдорӣ баён намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.