Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар толори Иттифоқи нависандагони кишвар Намоишгоҳи байнулмилалии китоб доир мегардад; – Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Дораи» Хеврон бо мунтахаби Фаластин бозии дӯстона баргузор мекунад. Оғози бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе; – Дар маҷмааи нави савдои «Пойтахт-90» Иди асалу харбуза барпо мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар толори Иттифоқи нависандагони кишвар Намоишгоҳи байнулмилалии китоб доир мегардад;

– Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Дораи» Хеврон бо мунтахаби Фаластин бозии дӯстона баргузор мекунад. Оғози бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе;

– Дар маҷмааи нави савдои «Пойтахт-90» Иди асалу харбуза барпо мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8685 сомонӣ;

1 евро – 8.7860 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1186 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 – Таъсиси унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии ИҶШС»

1934 – Дар Душанбе муассисаи беруназмактабии Стансияи техникҳои ҷавон кушода шуд.

1940 – Сохтмони Шоҳроҳи Бузурги Помир ба итмом расид.

1968 – Ифтитоҳи Даҳаи адабиёту фарҳанги ӯзбек дар Тоҷикистон.

1999 – Дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт.

2006 — Дар Душанбе Маркази илмӣ-тадқиқотии омӯзиши тоҷикони ҷаҳон ифитоҳ шуд.

2006 — Шумораи нахустини маҷаллаи давлатии сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» ба табъ расид.

2007 — Ба муноисбати 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои ҷашнӣ баровард.

2011 — Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои баландтарин дар шаҳри Душанбе – маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» ҳусни оғоз бахшид.

1934 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Набиҷон Ҳамидов.

1937-2004 – Мавлуди дипломат ва арбоби давлатӣ Ғарибшо Шаҳбозов.

1937 – Зодрӯзи оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Анвар Баротов.

1949 – Мавлуди журналист Олимҷон Ёрасенов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +7+12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.