Ташрифи Путин ба Ӯзбекистон барои арзи эҳтиром ба Ислом Каримов

Президенти Русия Владимри Путин ҷиҳати арзи эҳтиром ва зиёрати қабри собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, имрӯз, 6 сентябр ба шаҳри Самарқанд ташриф меорад. Зимни мулоқот бо журналистон дар нишасти G20 дар Ханчжоуи Чин Путин изҳор доштааст, ки дар поягузории давлати мустақили Ӯзбекистон Каримов саҳми босазо гузошта, марги ӯ барои мардуми ин кишвар талафоти бузург аст. Ба […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимри Путин ҷиҳати арзи эҳтиром ва зиёрати қабри собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, имрӯз, 6 сентябр ба шаҳри Самарқанд ташриф меорад.

Зимни мулоқот бо журналистон дар нишасти G20 дар Ханчжоуи Чин Путин изҳор доштааст, ки дар поягузории давлати мустақили Ӯзбекистон Каримов саҳми босазо гузошта, марги ӯ барои мардуми ин кишвар талафоти бузург аст.

Ба гуфтаи сарвари давлати Русия, баъзе ҳолатҳо дар таърихи навини Ӯзбекистонро метавон гуногун арзёбӣ кард, аммо ба Каримов муяссар шуд, ки сулҳу суботро таъмин карда, ба рушди кишвар ноил гардад.

«Мо умедворем, ки муносибатҳои дӯстона миёни Русия ва Ӯзбекистон минбаъд низ густариш ёфта, мо аз ҷониби худ баҳри пешрафти ин муносибатҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем», – таъкид доштааст президенти Русия.

Дар робита ба сафари Путин ба Самарқанд ёвараш Юрий Ушаков иттилоъ додааст, ки президент ба Самарқанд меравад ва ният дорад, ки барои арзи эҳтиром гӯри Каримовро зиёрат намуда, ҳамдардиву тасаллият изҳор кунад. Дар маросими дафни Ислом Каримов рӯзи 3 сентябр ҳайати Русияро нахуствазири ин кишвар Дмитрий Медведев роҳбарӣ карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.