Маълумоти БДА доир ба баста шудани роҳҳои пойтахт дар рӯзҳои ид

Asia-Plus

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 8 сентябр

Аз соати 06:00  то 10:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ, аз чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то майдони 800-солагии Москва, кӯчаи Шоҳтемур аз кӯчаи Турсунзода то кӯчаи Шероз, кӯчаи Бухоро аз кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шевченко, кӯчаҳои Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Айнӣ, кӯчаи Бохтар аз кӯчаи Теҳрон то кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, пурра маҳдуд карда мешаванд.

 Аз соати 13:00 то 14:00 ва аз соати 16:00 то 17:00 ҳаракати  воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Л.Шералӣ, кӯчаи Шероз аз хиёбони Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ, пурра маҳдуд карда мешаванд.

Аз соати 18:00 то 19:00 дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Л.Шералӣ то кӯчаи Бухоро, дар хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, дар кӯчаи Н.Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев, дар кӯчаи Шероз аз хиёбони Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ, пурра маҳдуд карда мешаванд.

9 сентябр

 Аз соати 06:00 то 10:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Айнӣ, дар кӯчаи Шоҳтемур аз кӯчаи Лоҳутӣ то кӯчаи Шероз, кӯчаи  Бухоро аз кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шевченко, дар кӯчаҳои Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Айнӣ, дар кӯчаи Бохтар аз кӯчаи Ф.Ниёзӣ то кӯчаи Теҳрон, кӯчаи Шероз аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Бухоро, пурра маҳдуд карда мешаванд.

Аз соати 18:00 то 22:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Л.Шералӣ то кӯчаи Бухоро, хиёбони И.Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, кӯчаи Н.Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев, кӯчаи Шероз аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ, пурра маҳдуд карда мешаванд.

Ронандагон дар ин рӯзҳо метавонанд аз кӯчаҳо ва хиёбонҳои Мирзо Турсунзода, Карамов, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Р.Набиев, Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, Қаҳҳоров, Айнӣ, Назаршоев, А.Дониш, Дӯстии халқҳо, Мастонгулов ва Зебуниссо, истифода баранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...