Тоҷикистон дар нимароҳи гузаштан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ қарор дорад

Пайрав Чоршанбиев

Ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори Маҷмӯи маҳслуоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон тадриҷан коҳиш ёфта, ҳамзамон ҳиссаи саноат дар он зиёд мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон 32 млрд. 352,1 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар таносуби нархҳо ба миқдори 6,7% афзудааст.

Давоми моҳҳои январ-августи соли равон дар сохтори ММД 17,8% – ба соҳаи кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ, 15,1% – ба саноат бо шумули энергетика рост омадааст.

Тӯли якуним соли ахир ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори ММД 5,7% поин рафта, дар ҳамин ҳол, ҳиссаи саноат дар он дар ин давра 3,1% боло рафтааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори ММД – 23,5% ва ҳиссаи саноат – 12%-ро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки даҳсолаи наздик ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ҷумҳуриро ба кишвари рушдёфтаи индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳад.

«Мо назди худ вазифа гузоштаем, ки тавассути таъсиси корхонаҳои гуногуни саноатӣ коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати тараққикардаи саноативу аграрӣ табдил диҳем», – изҳор дошта буд сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 август зимни суханронӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор ддани корхонаи нави сементбарории ноҳияи Ёвон.

Моҳи июли соли ҷорӣ Фарида Муъминова, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуда буд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Марказ Стратегияи рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030-ро таҳия намуда, яке аз вазифаҳои асосӣ дар он гузаштани модели рушди Тоҷикистон аз аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ аст.

Ф.Муъминова таъкид дошт, ки қарори муҳим дар ин самт тағйири таносуби ҳисса миёни бахши кишоварзӣ ва саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад, ки ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ сол аз сол дар сатҳи 20-25% қарор дошта, ҳиссаи саноат на бештар аз 12%-ро ташкил медиҳад.

Дар идома номбурда гуфт, мутаносибан вазифа гузошта шудааст, ки дар муқоиса бо соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд карда шавад.

«Мо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро афзуда, ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки маҳсулоти истеҳсолшуда бояд талаботи бозори дохилиро қонеъ карда, дар бозори хориҷӣ рақобатпазир бошад», – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки барои сарбаландона ноил гардидан ба иҷрои ин вазифаҳо густариши ҳарчи бештари ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ муҳим аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати газидани гӯши сокинони пойтахт аз сӯйи як мард ва ду духтар хабар дод. Ҳар ду...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард

Созишнома имкон медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик ташхиси тиббиро дар ватан гузаранд.