Кумаки башардӯстонаи беш аз 50 кишвар ба Тоҷикистон

Дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 30 млн. доллари ИМА (танҳо моҳи гузашта – ҳудуди 3,6 млн. $) кумаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 13,6 ҳазор тонна аз 51 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст. Гуфта […]

Пайрав Чоршанбиев

Дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 30 млн. доллари ИМА (танҳо моҳи гузашта – ҳудуди 3,6 млн. $) кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 13,6 ҳазор тонна аз 51 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (26%), Русия (18,7%), Ҳиндустон (8,5%), Сербия (5,5%), Швейтсария (5,2%), Белгия (4,9%), Покистон (4,6%), Туркия (3,5%), Қазоқистон (3,2%), Олмон (3,1%), Дания (3%), Беларус (4%), Олмон (3%), Ҷумҳурии Корея (2,3%), ИМА (1,5%), Нидерланд (1,4%), Озарбойҷон (1,3%), Франсия (1,2%), Таиланд (1,1%-ӣ), Эрон (0,9%) ва дигар кишварҳо рост меояд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми кумаки башардӯстонаи тӯли 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон воридшуда нисбат ба ҳамин давраи соли2015 тақрибан 7,3 млн. доллари ИМА зиёд шуда, шумори кишварҳои мададрасон 17 адад афзудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.