Сафорати ИМА фаъолияти Гӯшаи амрикоиро дар Душанбе эҳё намуд

Сафорати Иёлоти Муттаҳида маросими ҷашни бозкушоии Гӯшаи амрикоиро дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Толстой 66 баргузор намуд. Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард иштирокчиёнро истиқбол намуда, бартариҳои гӯшаҳои амрикоиро таъкид намуд. Ӯ инчунин аз ҳамагон, ба хусус ҷавонон даъват намуд, ки ба гӯшаҳои амрикоӣ ташриф оваранд, то ки бо фановариҳои муосиру пешрафта ошноӣ […]

Иттилоияи расмӣ

Сафорати Иёлоти Муттаҳида маросими ҷашни бозкушоии Гӯшаи амрикоиро дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Толстой 66 баргузор намуд.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард иштирокчиёнро истиқбол намуда, бартариҳои гӯшаҳои амрикоиро таъкид намуд. Ӯ инчунин аз ҳамагон, ба хусус ҷавонон даъват намуд, ки ба гӯшаҳои амрикоӣ ташриф оваранд, то ки бо фановариҳои муосиру пешрафта ошноӣ ва дар бораи Амрико бештар фаҳмиш пайдо намоянд.

Меҳмонон аз тамошои “гӯшаи ихтироъ”-и нав оғоз намуданд, ки дар он тоҷикистониён бо фановариҳои муосир ошноӣ пайдо намуда метавонанд. Иштирокчиён шоҳиди дар амал кор кардани 3D-принтер (дуввумин чунин таҷҳизот дар Тоҷикистон), роботу компютерҳои пуриқтидор гардиданд.

Ғайр аз ошноӣ бо “гӯшаи ихтироъ” меҳмонон аз тармими бинои асосӣ дидан карданд, ки он дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи Смитсониян тарроҳӣ шудааст. Меҳмонон дар бораи фаъолияту манбаъҳои гуногуни китобхона ва толорҳои нишаст маълумот пайдо карданд. Пас аз он сафир ва меҳмонон дар чорабиниҳои шавқангез, аз ҷумла дар флешмоби рақсии пурҷолиб иштирок намуданд.

Гӯшаи амрикоӣ дар ш. Душанбе мисли шаш гӯшаи дигар ҷойгир дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ ва Ғарм, ҷое мебошад, ки дар он тоҷикистониён дар бораи Амрико маълумот пайдо мекунанд. Дар ин гӯшаҳо меҳмонон метавонанд дар клубҳои гуногун аъзо шаванд, дар курси забони англисии ройгон таълим гиранд, ба компютерҳо дастрасӣ пайдо намоянд, аз фановариҳои муосиру пешрафта истифода намоянд, бо амрикоиҳо сӯҳбат намуда, филмҳоро тамошо кунанд ва ҳазорҳо китобро мутолиа кунанд.

Ҳадафи Ҳукумати ИМА аз маблағгузории гӯшаҳои мазкур дар эҷод намудани фазои ҳамдигарфаҳмӣ мебошад, то ки дар чунин фазо меҳмонон малакаҳоеро, ки барои дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир будан заруранд, андӯхт менамоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.