Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ба шаҳри Бишкек раҳсипор мегардад; – Дар доираи баргузории намоишгоҳи маҳсулоти содиротии «Гансу»-и Чин, ки дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мегардад, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин баргузор мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ […]

Asia-Plus

АНОНС

– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ба шаҳри Бишкек раҳсипор мегардад;

Дар доираи баргузории намоишгоҳи маҳсулоти содиротии «Гансу»-и Чин, ки дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мегардад, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8720 сомонӣ;

1 евро – 8.8576 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1180 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал

2006 — Маросими оғози сохтмони хатти интиқоли барқи «Ҷануб – Шимол» доир гардид.

2010 — Бо қарори ҳукумати ҶТ дар бораи ислоҳоти сохторӣ-маъмурии Академияи илмҳои Тоҷикистон, пажуҳишгоҳҳо ва сохторҳои зертоеъи Академия муттаҳид карда мешаванд.

2012 — Дар шаҳри Душанбе дар синни 86-солагӣ олими саршиноси тоҷик, яке аз муаллифони қонуни аввалин «Дар бораи забони давлатӣ», академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз олам даргузашт.

1927-1997 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Музаффар Искандаров.

1937 – Мавлуди олими зилзилашинос, академик Собит Неъматуллоев.

1945 – Зодрӯзи журналист Боймамад Алибахшев.

1953 – Мавлуди рӯзноманигор Козим Давронов.

1958 – Зодрӯзи нависанда Низом Қосим.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.