Тавассути интернет мақомоти Тоҷикистон 8 амали террористиро пешгирӣ карданд

Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералии Тоҷикистон Абдураҳим Абдулҳасанов дар конфронси «Озодии баён дар интернет ва мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм» (7-8 сентябр, Сараево) изҳор намудааст, ки бо пайгирӣ аз шабакаи интернет ба мақомоти қудратии Тоҷикистон муяссар шудааст, ки як силсила амалҳои террористӣ дар кишварро пешгирӣ намоянд. Намояндаи Прокуратураи генералии […]

Asia-Plus

Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералии Тоҷикистон Абдураҳим Абдулҳасанов дар конфронси «Озодии баён дар интернет ва мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм» (7-8 сентябр, Сараево) изҳор намудааст, ки бо пайгирӣ аз шабакаи интернет ба мақомоти қудратии Тоҷикистон муяссар шудааст, ки як силсила амалҳои террористӣ дар кишварро пешгирӣ намоянд.

Намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки шабакаи интернетро набояд бидуни назорат гузошт, вале назорат бояд бар асоси қонунгузорӣ амалӣ гардад.

«Мо набояд ба поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла озодии баён ва гуфтугӯи шахсӣ роҳ диҳем, вале зарур медонем, ки дар Тоҷикистон пеш аз ҳама риояи ҳуқуқи асосии аз ҷониби СММ эълоншуда, яъне ҳуқуқ ба ҳаёт риоя шавад. Ба гунаи мисол гуфта метавонам, ки дар кишвари начандон бузрги мо, ки 8,5 млн. нафар аҳолӣ дорад, аз оғози сол маҳз ба туфайли назорати гуфтугӯву суҳбатҳо дар интернет аз 8 амали террористӣ пешгирӣ шуд ва агар ин назорати бидуни шубҳа дар доираи қонунгузорӣ суратгирифта намебуд, ин амалҳои террористӣ шояд содир мешуданд», – гуфтааст ӯ.

Номбурда рӯшанӣ андохтааст, ки аз амалҳои террористӣ ба воситаи омӯзиши маводи гуногун дар интернет, пайгирии суҳбату гуфтугӯҳо, аз ҷумла тариқи вайбер ва дигар мессенҷерҳо пешгирӣ шудааст.

«Минбаъд шахсияти гумонбаршудагон, ки дар бораи имкони содир кардани амалҳои террористӣ суҳбат мекарданд, муайян карда шуда, аз онҳо миқдори муайяни маводи таркандаи барои ин амалҳо таъиншуда мусодира шуд», – зир кардааст А.Абдулҳасанов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.