Кӯҳнавард Фарҳод Муминов қуллаи баландтарини Аврупоро фатҳ кард

Asia-Plus

Кӯҳнаварди тоҷик Фарҳод Муминов қуллаи баландтарини Аврупо – Элбрусро бо баландии 5642 метр фатҳ кард.

Дар саҳифаи худ дар Фейсбук Фарҳод навиштааст, ин фатҳи қуллаи худро, ки 32-юмин аст, ба 25-умин солгарди Истиқлолиятидавлатии Тоҷикистон мебахшад.

«Каме дер шуда бошад ҳам, тамоми мардуми Тоҷикистонро бо 25-солагии ҷашни Истиқлолият табрику таҳният мегӯям», – навиштааст кӯҳнавард.

Қобили зикр аст, ки Фарҳод Муминов кӯҳнаварди фаъолтарини Тоҷикистон буда, тайи 4 соли ахир парчами Тоҷикистонро дар 10 қуллаи саросари ҷаҳон, аз ҷумла қуллаҳои Корженевский, Ибни Сино, Эдбрус, Килиманҷаро ва ғайра парафшон кард.

Як сол пеш, моҳи сентябри соли 2015 кӯҳнаварди тоҷик парчами Тоҷикистонро дар кӯҳи баландтарини Қафқоз – Казбек гузошт, ки ин маротибаи сеюми дар ин кӯҳ парафшон кардани парчами кишвари худ аз ҷониби ин кӯҳнавард буд.

Қаблан ӯ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки аз қитъаи Амрикои Ҷанубӣ, аз ҷумла Аргентина боздид намуда, қуллаи навро кашф ва ба он номи Тоҷикистонро гузоштанист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.