Шабакаи телевизиони «Сафина» ҷоизадори ҷашнвораи «ТЭФИ-Содружество»

Asia-Plus

Барномаи ҳамарӯзаи иттилоотии «Навид»-и шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон – «Сафина» ба дарёфти ҷоизаи Фестивали VI байнулмилалии «ТЭФИ-Содружество» дар Ереван ноил гардид.

Ҷашнвораи «ТЭФИ-Содружество» бори шашум таҳти унвони «Хабарҳо – касби мо» гузаронида мешавад, ки натанҳо майдони намоиши маҳорати касбии журналистони телевизионҳои як қатор кишварҳои ИДМ, Гурҷистон ва кишварҳои Балтия гардид, балки ҳамчунин ба як майдони табодули таҷриба ва ибрози андешаву афкор оид ба масоили рӯхмарраи ин соҳа табдил ёфт.

Дар фестивал ҳудуди 90 барномаҳои 40 шабакаҳои телевизионии 12 кишвари узви ИДМ ва давлатҳои хориҷи наздик пешниҳод шуданд. Ба ҷуз шабакаи телевизиони «Сафина», боз аксари барномаҳои шабакаҳои телевизиони кишварҳои дигар низ бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.

Тоҷикистонро дар фестивал ёвари директори шабакаи телевизиони «Сафина» Дилшод Ашӯров ва муовини аввали директори шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» Умед Назарзода намояндагӣ карданд, ки барномаҳои иттилоотии шабакаҳои худро ба ҳакамон пешкаш намуданд.

Ҳамчунин Саида Ҷумъаева, муовини сардори Раёсати умури байнулмилалии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва роҳбари хадамоти русии барномаҳои иттилотти Кумита Ҳайдар Каримов дар фестивал навори видеоӣ дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намоиш доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.