Боздошти як зан дар Истаравшан ба гумони қатли ду кӯдаки хурдсол

Asia-Plus

Мақомоти милитсияи шаҳри Истаравшан ҷавонзанеро боздошт намуд, ки дар куштори ду кӯдаки хурдсол даст дорад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршаванда шаҳрванд Мавлудаи Зиёдулло, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан дар як ҳолат писари хоҳаршӯй ва дар ҳолати дигар духтарчаи бародари худро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Ҳар ду ҷиноят дар фосилаи як ҳафта содир гардида, касе аз наздикон аз ҷинояти қасдона ва марги маҷбурӣ будани ҳолати ба амал омада пай набурдааст. Асрори ҷиноятҳо вақте ифшо гардид, ки аз дасти ин зан аллакай хурдсоли дуюм аз ҳаёт маҳрум гашт. Дар ҳарду ҳолат пайвандон фарзандони хурдсоли худро барои муваққатан нигаҳбонӣ ба Мавлуда месупоранд.

Марги хурдсол Шафиев Абубакри якунимсола санаи 29-уми  августи соли 2016 дар хонаи бобои модариаш, ки Мавлуда келини ин хонадон аст, ба вуқӯъ пайваст. Пайдо кардани ҷисми беҷони кӯдаки солим, дар дохили гаҳвора ҳарчанд ҳодисаи ғайричашмдошт буд, аммо шубҳаи касе аз наздиконро бавуҷуд наовард ва бо гумони он, ки ҳалокати хурдсол марги табиист бе хабар додан ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро ба хок месупоранд.

Аммо дар асл сабаби марг бастани роҳи нафас аст, ки ин кирдори ҷиноятӣ аз тарафи гумонбаршаванда Мавлудаи Зиёдулло, ки хоҳари шавҳараш нигаҳбонии фарзанди хурдсолашро ба ӯ бовар карда буд, содир шудааст. Баъдан дар рафти ҳаракатҳои тафтишотӣ, аз ҷумла кушодани қабр (эксгуматсия) ва гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ аломатҳои марги маҷбурӣ будани фавти хурдсол дақиқ карда шудааст.

Рух додани ҳодисаи дуюм шубҳаи гурӯҳи тафтишотиро аз рӯи ҳаракатҳои гумонбаршаванда ба вуҷуд овард ва дар натиҷа асрори марги хурдсолон ошкор гардид.

Санаи 4-уми сентябр дар хусуси беномунишон гум шудани хурдсол Бобоева Фотима, таърихи таваллудаш 8-уми феврали соли 2015 ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан ариза ворид гардид. Бо гузашти як рӯз ҷасади хурдсол дар дохили ҳуҷра зери ғарами курпаҳо дарёфт гардид. Ҳарчанд ин ҳолат шабоҳати ҳодисаи нохуш ва беэҳтиётӣ дошт, дари қулф карда шудаи ҷойи ходиса шубҳаовар менамуд. Хурдсол ба Мавлудаи Зиёдулло фарзанди бародар мебошад. Дар ин ҷиноят гумонбаршаванда бо истифода аз курпача роҳи нафаси хурдсолро баста ба ҳалокат расонидааст.

Сабаби чунин кирдори гумонбаршаванда то ҳол норӯшан аст. Зеро вайронии муносибати ӯ бо волидайни хурдсолон, ки боиси интиқомгирӣ гардида бошад, мавҷуд нест. Зоҳиран ҳам нуқсе дар саломатии ҷисмонӣ ва равониаш дида намешавад. Васвосӣ ё ба истилоҳ маняк ва доштани ҳиссиёти бадбинӣ нисбати кӯдаконро тафтишот ба гумонбаршаванда нисбат медиҳад. Ҷоизи қайд аст, ки дар рафти тафтишоти  пешакӣ хулосаи ташхиси мутахассиси равоншинос гирифта хоҳад шуд.

Феълан аз рӯи далелҳои мазкур нисбати Мавлудаи Зиёдулло бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

(Акс аз сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон)

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...