БАОР доир ба монеъаҳои рушди саноати истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев

Коршиносони Бонки Авросиёии рушд (БАОР) бар ин назаранд, ки муҳити душвори сармоягузорӣ ва ҳамчунин хатарҳои мавҷудаи дорои хусусиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба рушди саноати истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон монеъа эҷод карда метавонанд.

«Дар сурати беҳбуди шароити воридоти нафту газ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Ӯзбекистон ,пайвастани ҷумҳурӣ ба лӯлаҳои байнулмилалии интиқоли нафту газ ё дарёфти конҳои нави ин навъи сӯзишворӣ дар дохили кишвар, ҳиссаи истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта метавонад», – қайд мешавад дар гузориши БАОР.

Муаллифони гузориш таъкид месозанд, ки Тоҷикистон ҳадди ақал дорои 4,3 млрд. тонна захираи ангиштсанг буда, истихроҷи он дар партави қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон шурӯъ аз соли 2012 ба таври назаррас афзуд.

«Бахши истихроҷи ангишти Тоҷикистон барои рушди минбаъда дурнамои густарда дошта, ба ҷуз сӯзишвории воридотӣ, ангишт ягона сарчашмаи энергия барои кишвар маҳсуб меёбад ва талабот ба он босуръат ва хароҷоти начандон бузург зиёд шуда метавонад», – зикр мекунанд коршиносони БАОР.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии ангишт истихроҷ мешавад. Соли 2014 – 870 ҳазор тонна ва соли 2015 – беш аз 1 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд. Корхонаҳои истеҳсоли ангишти Тоҷикистон ба истихроҷи 1,7 млн. тонна ҳаҷми рекордии ин навъи сӯзишворӣ то охири соли равон уҳдадор шуданд, ки рекорди навбатӣ мебошад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, то охири моҳи август корхонаҳои соҳа истихроҷи ангиштро ба зиёда аз 770 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 254 ҳазор тонна зиёд аст.

Ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар 18 корхона машғул мебошанд. Корхонаҳои нисбатан бузург – КФ «Ш.Фон-Яғноб»,  ҶДММ «Талко-Ресурс», КФ КА «Зиддӣ» ва ҶСК «Ангишт» то охири сол дар маҷмӯъ ба истихроҷи 1,5 млн. тонна ангишт уҳдадор шуда, боз ҳудуди 200 ҳазор тонна дар 12 корхонаи боқимондаи ин соҳа истихроҷ хоҳад шуд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, айни замон беш аз 200 корхона дар ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Шурӯъ аз 1 марти соли 2013 содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шуд. Ба ин васила ҳукумати ҷумҳурӣ вобастагии кишварро аз воридоти сӯзишворӣ камтар ва истифодаи онро пурсамар карданист. Баҳори соли 2012 қонун «Дар бораи ангишт» қабул шуд, ки ба ҷалби сармоягузории нав ба ин бахш нигаронида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.