Адвокат Бузургмеҳр Ёров ба 23 соли зиндон маҳкум шуд

Мавзуна Абдуллоева

Суди шаҳри Душанбе санаи 6 октябр адвокатҳо Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Бузургмеҳр Ёров мутобиқи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ); 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 340 (Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо) гунаҳкор эътироф карда шуд.

Суд ҳамчунин оид ба мусодираи амволи Бузургмеҳр Ёров – бӯстонсаро дар ноҳияи Рӯдакӣ ва автомашинаи шахсии ӯ низ қарор содир намуд.

Адвокат Нуриддин Маҳкамов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ) ва 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳкор эътироф гардид.

Ҳарду адвокат ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуданд.

Пайвандону наздикони Ёров ба ин ҳукми суд норозӣ буда, аз болои он шикоят бурданианд. Рӯзи 3 октябр дар сухани ниҳоии худ Ёров аз судя Асадулло Бобохонзода дархост намуда буд, ки ӯро бегуноҳ эътироф карда, озод намоянд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Қобили зикр аст, ки Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

Адвокат Нуриддин Маҳкамов охири моҳи октябри соли гузашта ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд. Ӯ низ корманди коллегияи адвокатҳои «Сипар» буд. То замони боздошт Маҳкамов ният дошт, ки ба ҳимояи манфиатҳои ҳамтои боздоштшудаи худ пардозад, вале барои ин кор иҷозатнома дастрас карда натавонист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...