Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон САҲА-ро дар сиёсати меъёрҳои дугуна айбдор медонанд

Аваз Юлдошев

Ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, дигар ҳама ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро дар истифодаи сиёсати дугуна айбдор медонанд.

Дар изҳороти муштараки рӯзи 10 октябр интишоршудаи Ҳизбҳои халқии демократӣ, коммунистӣ, сотсиалистӣ, демократӣ, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳодисаи марбут ба эътирози ҷонибдорони ҲНИТ дар ҷаласаи рӯзи 19 сентябри САҲА оид ба ченаки инсонӣ дар Варшава маҳкум карда мешавад.

Раҳбарияти ин ҳизбҳо бар ин назар аст, ки минбари чунин чорабиниҳои муҳим набояд ба ҷонибдорони созмонҳои ифротгаро ва террористӣ, ки ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон чунин эътироф шудаанд, пешкаш шавад.

«САҲА ба сифати шарики ҳукумати Тоҷикистон набояд ба халалдор шудани сулҳу субот дар кишвари мо ва истифода аз сиёсати меъёрҳои дугуна роҳ диҳад, ки баъзан дар амалҳои ин созмони бонуфуз ба мушоҳида мерасад», – қайд мешавад дар изҳорот.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз САҲА даъват ба амал овардаанд, ки ба ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон густариш бахшад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи сентябр дар Варшава машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ ба кор шурӯъ намуд. Зимни машварати САҲА дар Варшава фаъолони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аксияи эътирозӣ доир намуданд. Талаби асосии эътирозгарон – аз зиндон озод кардани шахсоне аст, ки аксҳои онҳо дар либосашон тасвир ёфта буд.

Иштирокдорони Машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ аз ин аксияи эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Стив Свердлов, муҳаққиқи мушкилоти Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch аксҳоеро аз ин аксия дар твиттери худ гузошт.

Рӯзи 20 сентябр бошад, Стив Свердлов гуфтааст, аз рӯи иттилои онҳо дар паи “эътирози хомӯшона”-и аъзои ҲНИТ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава ҳудудан 50 хешу табори ин нафарон дар Тоҷикистон боздошт шуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зикр карданд, ки дар бораи ҳабси хешовандони иштирокчиёни «аксияи хомӯшонаи эътироз», ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни ҷаласаи САҲА дар Варшаве ҳеҷ огаҳие надоранд. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ маълуот доир ба ҳабси хешовандону наздикони иштирокчиёни аксияро, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, рад кард.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар ин робита созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch баёнияе интишор намуда, дар он зикр гардида буд, ки Тоҷикистон ҳоло дар умқи як бӯҳрони хеле шадиди ҳуқуқи башар қарор дорад ва ҳукуматҳо ва созмонҳои ҳамкори Тоҷикистон бояд вазъи бӯҳронии ҳуқуқи башар дар ин кишварро маҳкум кунанд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки бинобар сабаби дар машварати дар Варшава ба ҳузури фаъолони ҲНИТ ва «ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта» роҳ додан, ҳайати Тоҷикистон ин машваратро тарк кард.

Ғайр аз ин, дар робита ба ин қазия дар Тоҷикистон ҷавонон як қатор аксияҳои эътирозӣ барпо карданд. Рӯзи 27 сентябр гуруҳе аз ҷавонон бо як автобус ба назди хонаи Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонишудаи Раёсати Олии ҲНИТ дар кӯчаи Аттор 50 омада, хона ва дару деворашро бо тухмҳо зада, дар назди хонааш овезаву плакатҳоро оташ задаанд.

Чунин аксияҳо дар назди манзилҳои Саидумар Ҳусайнӣ, муовини маҳкумшудаи раиси ҲНИТ ва Сайид Абдулло Нурӣ, пешвои марҳуми ҲНИТ низ гузаронида шуданд. Ҷавон изҳор дошта буданд, ки фарзандони Ҳусайнӣ ва Нурӣ низ дар ҷаласаи зикршудаи САҲА дар Варшава ҳузур доштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...