Назарпурсӣ: Аксари русиягиҳо мухолифи раванди муҳоҷиратанд

Asia-Plus

Аксари русиягиҳо бар ин назаранд, ки ҳукумат бояд вуруди муҳоҷирон ба кишварро маҳдуд созад.

Бино ба маълумоти бадастомада аз назарсанҷии маркази таҳлилии «Левада», аз се ду ҳисса (66%)-и пурсидашудагон ҷонибдори ин мавқеъ буда, камтар аз чоряки онҳо (23%) бар ин ақидаанд, ки ҳукумат бояд ҳамаи монеъаҳои вуруду кор ба муҳоҷиронро аз байн бурда, ин вазъро ба нафъи кишвар истифода кунад.

Ҷомеашиносон ҳамчунин доир ба соли ахир кам ё зиёд шудани муҳоҷирон аз русиягиҳо пурсон шуда, маълум шудааст, ки садҳо ҳазор нафар муҳоҷирон асосан аз Осиёи Марказӣ баъди поинравии қурби рубл бозгашт ба ватанашонро афзал донистаанд.

Зимни посух ба ин савол 43% бобати тағйир наёфтани вазъ тайи 2 соли ахир, 42% – дар бораи афзудани сафи муҳоҷирон ва ҳамагӣ 7% роҷеъ ба коҳиши шумори муҳоҷирон ибрози назар карда, танҳои 12%-и русиягиҳо чунин мешуморанд, ки раванди муҳоҷират ба нафъи Русия аст.

Миёни пурсидашудагон 39% муҳоҷиратро омили тахриби фарҳанги русиягӣ дониста, 51%  бар ин назаранд, ки он ба рушди иқтисод мусоидат намекунад ва 64% онро сабаби афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ шумурда, 64% посух додаанд, ки онҳо ҷойҳои кории русиягиҳоро ишғол мекунанд.

Ҳамагӣ 2% ва 3%-и пурсидашудагон эътироф кардаанд, ки нисбати шаҳрвандони кишварҳои ҷануби дар паҳлӯяшон иқоматдошта ҳусни эҳтирому самимият эҳсос мекунанд. 15% аз муҳоҷирон ба қаҳру ғазаб омада, 18% ба онҳо кинаву адоват мепарваридаанд ва 5% аз онҳо ҳарос доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, беш аз нисфи русиягиҳои ба назарсанҷӣ фарогирифта (52%) аз шиори «Русия барои русҳо» ҷонибдорӣ намуда, 38% изҳор доштаанд, ки «хуб мешуд, агар ин иқдом амалӣ мешуд, вале дар ҳудудҳои қобили мулоҳиза» ва 14% чунин ибрози андеша кардаанд, ки «ин шиор бояд кайҳо амалӣ мешуд». Танҳо 12% изҳор намудаанд, ки «ин ақида фашистӣ аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...