Баррасии парвандаи коргарзани латукӯбшудаи созмони байнулмилалӣ дар прокуратураи Шоҳмансур

Asia-Plus

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба баррасии далели лату кӯби як зан, сокини шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти «Нелегал» рӯзи 2 октябр оғоз кард.

Зани ҷабрдида, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ мекунад ва адвокати ӯ Дилшод Ҷӯраев ҳанӯз санаи 10 октябр аз болои рафтори бераҳмонаи кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба прокуратураи шаҳр шикоят бурдаанд.

«Мо ба прокуратураи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ пешниҳод намуда, чанде қабл аз он ҷо ба мо хабар доданд, ки ариза барои баррасӣ ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмасур ирсол гардидааст, зеро маҳз дар ҳамин ноҳия ҳодиса рух дода буд», – гуфт адвокат ва илова намуд, ки дар прокуратураи ноҳия ваъда додаанд, ки ин ҳодисаро таҳқиқ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи сухангӯи ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ, зани ҷабрдида то ҳол ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат накардааст. «Агар ин зан ва адвокаташ ба мо муроҷиат мекарданд, мо ин ҳодисаро месанҷидем, ки дар он киҳо гунаҳкоранд. Мо огаҳем, ки ин парвандаро айни замон прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мекунад ва агар далели мазкур тасдиқ шавад, гунаҳкорон ҳатман ба ҷавобгарӣ кащида мешаванд», – гуфт ӯ

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 октябр Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз шикояти як зани 34-сола, сокини шаҳри Душанбе аз кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур хабар дод. Ин зан, ки корманди як созмони байналмилалӣ будааст, гуфтаааст, ки маъмурини милиса зимни санҷиши шиносномаҳо дар доираи амалиёти “Нелегал” аввали моҳи равон талош кардаанд, бо зӯр вориди манзилаш шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.