Рекорди корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон

Asia-Plus

Корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон ба рекорди нав ноил гардиданд: аз оғози соли ангиштканони тоҷик 1 млн. 114 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар 19 корхона машғул мебошанд. Корхонаҳои нисбатан бузург – КФ «Ш.Фон-Яғноб»,  ҶДММ «Талко-Ресурс», КФ КА «Зиддӣ» ва ҶСК «Ангишт» буда, вале айни замон на ҳамаи корхонаҳо фаъолият доранд, чунки чанде аз онҳо мавсимӣ кор мекунанд.

Айни замон ҳаҷми ангишти захирашуда дар анбор ва нуқтаҳои фурӯш тақрибан 188 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, айни замон беш аз 200 корхона дар ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Харидори асосии ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷшуда Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 мебошад, ки қариб 50% аз ҳаҷми умумӣ ба ҳиссаи ин корхона рост меояд.

Феълан ҳудуди 88%-и талаботи Тоҷикистон ба ангишт аз ҳисоби истихроҷи дохилӣ таъмин карда мешавад.

То охири соли истихроҷи тақрибан 1,8 млн. тонна агишт дар Тоҷикистон дар назар аст. «Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ аз 200 ҳазор тонна дар соли 2010 то ба беш аз 1 млн. тонна дар соли 2015 расид. Соли равон бошад, аллакай истихроҷи 1,8 млн. тонна ангишт ба нақша гирифта шудааст», – гуфт зимни вохӯрии рӯзи 14 октябр бо соҳибкорон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии ангишт истихроҷ мешавад. Соли 2014 – 870 ҳазор тонна ва соли 2015 – беш аз 1 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд. То замони соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ, ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба 309 ҳазор тонна мерасид.

Шурӯъ аз 1 марти соли 2013 содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шуд. Ба ин васила ҳукумати ҷумҳурӣ вобастагии кишварро аз воридоти сӯзишворӣ камтар ва истифодаи онро пурсамар карданист. Баҳори соли 2012 қонун «Дар бораи ангишт» қабул шуд, ки ба ҷалби сармоягузории нав ба ин бахш нигаронида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.