Се намояндаи КМИР Тоҷикистон интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистонро пайгирӣ мекунанд

Се нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷиҳати пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон, ки санаи 4 декабр доир мегардад, ба сифати нозирон ба шаҳри Тошканд мераванд. Бино ба иттилои расида аз дастгоҳи КМИР Тоҷикистон, ҳайати Тоҷикистон дар ин сафар аз раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода ва аъзои КМИР – олим, котиби Академияи […]

Аваз Юлдошев, Аsia-Plus

Се нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷиҳати пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон, ки санаи 4 декабр доир мегардад, ба сифати нозирон ба шаҳри Тошканд мераванд.

Бино ба иттилои расида аз дастгоҳи КМИР Тоҷикистон, ҳайати Тоҷикистон дар ин сафар аз раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода ва аъзои КМИР – олим, котиби Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷамшедов ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки қаблан Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ чунин ҳайати бонуфузеро барои пайгирии интихоботи президентиву парлумонӣ дар дигар кишварҳо сафарбар накарда буд.

Рӯзи 23 сентябр Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон дар бораи роҳ додани ҳамаи 4 ҳизби сабтиномшуда ба маъракаи интихоботи президентӣ қарор қабул кард.

Дар анҷуманҳои Ҳизби миллӣ-демократӣ «Миллий тикланиш» (Эҳёи миллӣ) – номзадии муовини раиси палатаи қонунгузор (поёнӣ)-и парлумон Сарвар Отамуродов,  Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон – номзадии раиси ҳизб Ҳотамҷон Кетмонов ва Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» – номзадии пешвои он Наримон Умаров дар интихобот ба мансаби президенти Ӯзбекистон тасдиқ шуд.

Номзадии нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки муваққатан иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвари ҳамсоя аст, дар анҷумани Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.

Ҳамаи номзадҳои ба мансаби президентӣ пешабришуда то имрӯз расман дар Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.