Боздиди вазири корҳои хориҷии Туркия аз Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Чавушоглу рӯзи 21 октябр бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе ташриф меорад. Зимни ин сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ташрифи вазирони корҳои хориҷии маорифи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар кори […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Чавушоглу рӯзи 21 октябр бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе ташриф меорад. Зимни ин сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ташрифи вазирони корҳои хориҷии маорифи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар кори машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад, ки пагоҳ кораш ба итмом мерасад.

Гуфта мешавад, сафари  вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳайати намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ барои иштирок дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистону АМА, ки рӯзи 19 октябр шурӯъ шуда буд, то санаи 21 октябр идома меёбад.

Аз 24 то 29 октябр сафари ҳайати Давлати Кувайт таҳти роҳбарии Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардустӣ доктор Абдуллоҳ ал-Маътуқ ба нақша гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.