«Саводнокии молиявӣ»: таърихи пайдоиши банкоматҳо, намудҳо, инчунин афзалият ва камбудиҳои онҳо

Иттилоияи расмӣ

Дар мавзӯи гузашта мо оид ба Интернет-бонкинг, чораҳои бехатари истифодабарӣ, афзалият ва камбудиҳои он гуфтем.  Имрӯз мо оид ба  банкоматҳо, намудҳо, инчунин афзалият ва камбудиҳои онҳо сухан меронем.

Банкомат ( автомати бонкӣ, АТМ аз забони англисӣ -Automated teller machine) – маҷмӯи барномавӣ-техникӣ барои ба таври автоматикӣ додан ва гирифтани пули нақд, тавассути кортҳои пардохтӣ ё бидуни он. Инчунин барои иҷрои амалиёти дигар, аз ҷумла пардохти мол ва хизматрасонӣ, тартиб додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи амалиёти дахлдор хизмат менамояд.

Тимсоли банкомати нахустинро Лютер Ҷорҷ Симҷян  соли 1939 ихтироъ карда буд. Дастгоҳ пули нақд медод, аммо онро аз ҳисоби мизоҷ кам карда наметавонист, чунки дастгоҳ бо бонк пайваст нашуда  буд. Симҷян ихтироъи худро ба Бонки шаҳри Ню-Йорк пешниҳод намуд, вале пас аз шаш моҳ, бонкдорон онро баргардонда гуфтанд, ки ба он ниёз надоранд. Ихтироъи Симҷян тӯли 30 сол фаромӯш шуда, танҳо дар охири солҳои 1960 такмил дода шуд.

Аввалин банкомати пулдиҳанда 27 июни соли 1967 дар Энфилд, шимолтари Лондон (Бритониёи Кабир) дар яке аз шӯъбаҳои бонки бритониёии Barclays насб шуда буд. Ихтирокунандаи он марди шотландӣ Ҷон Шепард-Баррон, ки бо фармоиши ширкати De La Rue – истеҳсолкунандаи қоғаз барои пулҳои қоғазии зиёда аз 150 давлати дунё, кор мекард.

Шепард-Баррон идеяи таъсис додани банкоматро аз кори автомати шоколадӣ ҳосил кард. Бинобар сабаби номумкин будани санҷиши ҳисоби мизоҷ тариқи банкомат, мабалағи зиёди гирифта мешуда ба 10 фунт баробар буд. Банкомат на бо корт, балки бо ваучерҳои махсуси бонкӣ, ки онҳоро дар бонк гирифтан мумкин буд, кор мекард. Барои муҳофизат аз қалбакикорӣ дар рӯи он ваучерҳо нишонии радиоактивии безарар (изотоп С14) гузошта шуда буд.

Соли 1966, муҳандиси шотландӣ Ҷеймс Гудфеллоу барои ихтирои рақами мушаххаси шахсӣ (PIN-код) – рамзи 4 ададаи пинҳонӣ, патент гирифт. Бо мурури замон, PIN-кодҳо, бо мақсади ҳифзи суратҳисобҳои бонкӣ аз дахолати беиҷозат, ба таври васеъ зери истифода қарор гирифтанд.

Намудҳои банкомат. Банкоматҳо ба ин намудҳо тақсим мешавад:

– Универсалӣ (бо маҷмӯи пурраи вазифаҳои дастрас). Банкоматҳои муосир рӯйхати васеъи амалиётро амалӣ мегардонанд. Масалан, хатти охирини банкоматҳо,ки дар ИМА бомуваффақият фаъолият мекунанд, зиёда аз 125 амалиётро иҷро менамоянд (аз ҷумла, қабули пардохтҳои коммуналӣ; пардохт барои Интернет ва ғ.).

– Махсусгардонидашуда (танҳо барои додани пули нақд бо суръати баланд).

– Ба истилоҳе "дӯкончаи иттилоотӣ» (танҳо барои хизматрасониҳои иттилоотӣ).

Дар Тоҷикистон навъи бештар банкоматҳои махсус амал мекунанд. Банкомати универсалӣ дар кишвар қариб вуҷуд надорад. Қабули пардохтҳо асосан тавассути терминалҳои пардохтӣ анҷом дода мешаванд.

Афзалият ва нуқсонҳои асосии банкоматҳои махсусро дида мебароем (ниг. Ба ҷадвали 1).

Ҷадвали 1

Афзалияту камбудиҳои банкомат

 

Афзалият

Камбудӣ

Реҷаи кории банкоматҳое, ки берун аз биноҳо ҷойгиранд 24/7, яъне шабонарӯз, дар давоми 7 рӯз кор мекунанд.

Набудани ҳуҷҷатгузорӣ.

Барои гузаронидани амалиёт ягон ҳуҷҷат лозим нест

Набудани навбати калон.

Ҷойгиршавии банкомат на ҳамавақт ба мизоҷон мусоид аст.

Маблағи ниҳоӣ барои ҳар як амалиёт.

Имконияти аз кор баромадани таҷҳизот.

 

Дар маводи оянда мо мавзӯро идома дода, оид ба чораҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани амалиёт тариқи банкомат сухан меронем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Дар таҳияи иттилоот маводи таълимии: Ҳикматов У.С., Койчуева М.Т. Асосҳои саводнокии молиявӣ: маводи таълимӣ. – Б.: ДСРК, 2015. –саҳ.129 истифода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...