Қадрдонии Дилшод Назаров бо ҷоизаи Кумитаҳои миллии олимпӣ

Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Дилшод Назаров бо ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) мукофотонида мешавад. Дар ин бора котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев рӯзи 21-уми октябр хабар дод.

Вай гуфт, “бо пешниҳоди Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгари машҳур Дилшод Назаров барои дастоварди бузургаш дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бо Ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ мукофотонида мешавад. Бар асоси номаи расмии Президенти Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳои ин созмони ҷаҳонӣ рӯзи 15-уми ноябр дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа – барпо мегардад. Дилшод Назаров ба ин маросим даъват шудааст.”

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров 19-уми августи соли ҷорӣ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт.

“Рӯзҳои 12-16 ноябр дар Доҳа Ассамблеяи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ доир мешавад, ки барои иштирок дар кори он ман ва директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллоев даъват шудаем. Дар ин Ассамблея дар ҳузури роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии ҷаҳон ҷоизаҳои ANOC ба беҳтаринҳо, аз он ҷумла ба гурзандози машҳури мо Дилшод Назаров супурда мешавад ”, – иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...