Мавқеи Тоҷикистон дар рейтини «Пешбурди тичорат» 4 зина беҳтар шуд

Хабаргузории «Озодагон»

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ — “Пешбурди тиҷорат 2017” Тоҷикистонро миёни 189 давлати дунё дар ҷойи 128-ум қарор додаст. Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 4 зина беҳтар шудааст. Дар гузориши “Пешбурди тиҷорат барои соли 2016” Тоҷикистон дар зинаи 132 қарор дошт.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бар асоси гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ, бо вуҷуди 4 зина пешрафт Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамоно аз ҳама поин қарор гирифтааст. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷойи 35, Қирғизистон – 75 ва Узбакистон дар зинаи 87-анд. Қазоқистон инчунин ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ фароҳам аст, шомил гардидааст.

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ зимни раддабандӣ, 10 нишондод, аз ҷумла сабти корхона, гирифтани иҷозатнома барои сохтмон, таъминот бо барқ, сабти моликият, қарзгирӣ, ҳимояи сармоягузор, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, таъмини иҷрои созишномаҳо ва ҳалли муфлисшавиро ба назар гирифтаанд.

Дар садри рейтинг Зеландияи Нав нишастааст. Сингапур, ки 10 соли ахир ҳамеша дар мақоми аввал буд, имсол дар ҷойи дуюм аст. Дания, Ҳонконг, Ҷумҳурии Корея, Норвегия, Бритониёи, ИМА, Шветсия ва Мақдуния шомили даҳгонаи авваланд.

Аз миёни кишварҳои ИДМ Гурҷистон дар ҷойи 16, Арманистон 38, Белорус 37, Русия 51, Молдов 44, Озарбойҷон 65 ва Укроин 80 қарор гирифтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...