Ҷустуҷӯи продюсер барои наворбардории филми тоҷикиву ҳиндӣ дар Тоҷикистон

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Коргардон Шарофат Арабова қиссаи фарзандфурӯшии як зани ҷавони тоҷикро бо номи Парвона дар меҳвари сюжети филми нави худ қарор додааст. Дар ин бора Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.

"Ин қиссаи як филми комили бадеӣ аст. Қаҳрамони асосӣ – Парвонаи 27-солаест, ки бар асари мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳам дар паи ҳомиладории бисёр пурмоҷаро, тасмим мегирад аз ин фарзандаш даст кашад. Дар фикри фурӯши кӯдаки таваллуднашудааш мешавад. Тарҳи филмро ба Asian project market – як бозори синамо дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ гузоштам. Ин филми тоҷикиву ҳиндӣ аст. Ҳоло мо як продюссери иловагӣ ҷустуҷӯ дорем", – мегӯяд Шарофат.

Шарофат Арабова бо нахустин филми калонҳаҷмаш бо номи “Тасфия”, ки соли 2014 аз рӯи як қиссаи Темур Зулфиқоров бардошта шудааст, шинохта мешавад."Тасфия" аз саргузаштҳои марде қисса мекунад, ки баъди куштори занаш азоби виҷдон мекашад.

Филми кутоҳмуҳлати Шарофат бо номи “Дар байн”-ро (“In between” ба забонҳои англисӣ, русӣ, форсӣ, ҳиндӣ ва непалӣ эҷод шудааст) дар Донишгоҳи синамову телевизиони Ҳинд бардоштаанд. Он соли 2013 дар ҷашнвораи синамои Қирғизистон бо номи “Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳҳаҷм” барандаи шоҳҷоиза шуд. Филм дар бораи муҳоҷироне қисса мекунад, ки аз як аёлат ба аёлати дигари Ҳинд сафар карда, дар дохили кишвари худ ҳамоно бегона ё муҳоҷир боқӣ мемонанд. Дар филм қиссаи духтари русе гуфта шудааст, ки дар ҷустуҷӯи бахт ба як мегаполиси ҳиндӣ меравад ва он ҷо бо саргузаштҳои зиёде рӯбарӯ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.