Рейтинги ҷаҳонии хайру эҳсонкорӣ: ҳиммати тоҷикон пасттар шудааст

Asia-Plus

Бунёди хайрияи бритониёии Charity Aid Foundation соли ҳафтум аст, ки Рейтинги ҷаҳонии хайру эҳсонкорӣ (World Giving Index 2016)-ро нашр мекунад. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон якбора 14 зина пойин рафтааст.

Рейтинги ҷаҳонии хайру эҳсонкорӣ-2016 аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷии ширкати Gallup,ки давоми сол миёни 145 кишвар гузаронида шуд, таҳия гардида, мақомгирии кишварҳо дар он ба 3 нишондиҳандаи миёна – хайру эҳсони маблағҳои пулӣ ба ташкилотҳои хайрия, фаъолият ба сифати ихтиёрӣ ва кумак ба афроди ношиноси ниёзманд вобаста аст.

Дар рейтинги имсола Тоҷикистон мақоми 84-умро ишғол кардааст. Соли гузашта миёни 145 кишвар Тоҷикистон дар зинаи 73-юм ва як сол пештар аз ин миёни 135 кишвар мақоми 34-умро касб карда буд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон – дар зинаи 11-ум, Туркманистон – 14, Қирғизистон – 34 ва Қазоқистон – дар мақоми 96-ум қарор гирифтаанд. Русия дар мақоми – 126-ум, Афғонистон – 78-ум, Беларус – 100, Украина – 106 ва Гурҷистон дар зинаи 120-уми рейтинг ҷойгир шудаанд.

Соли дуюм аст, ки давлатҳои Мянма ва ИМА пешсафони ин рейтинг буда, ба даҳгонаи аввал ҳамчунин Австралия, Зеландияи Нав, Шри-Ланка, Канада, Индонезия, Британияи Кабир, Ирландия ва Амороти Муттаҳидаи Араб шомиланд. Зинаҳои охири рейтингро Чин, Фаластин, Яман ва Юнон ишғол кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.