Бори нахуст намояндаи Тоҷикистон дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи интихоботи призеденти ИМА иштирок мекунад.
Тавре аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, намояндаи КМИР Далер Сафар бо ин мақсад ба ИМА рҳсипор гардида, сафари ӯ аз ҷониби сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ба «Азия-Плюс» расида, намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба сифати нозирон дар маъракаи интихоботи президенти ИМА даъват нашудаанд.
Маъракаи интихоботи президенти ИМА санаи 8 ноябр, рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда доир мегардад. Номзадҳо аз Ҳизби демократ Ҳиллари Клинтон ва аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп рақибони асосӣ дар интихобот мебошанд.


