Пойтахти Тоҷикистон ҷоизадори «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим»

Asia-Plus

Дар доираи баргузории Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» дар пойтахт, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Бунёди “Роҳи абрешим” –и Ҷумҳурии халқии Хитой ҷаноби Шао Чанчун ва Мушовири Раиси Ҷумҳурии халқии Хитой оид ба масъалаҳои бехатарӣ ҷаноби Ченг Гуопингро бо ҳайати меҳмонон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқот бо сипосгузорӣ аз пазиройии самимӣ ҷаноби Шао Чанчун ба Маҳмадсаид Убайдуллоев мужда расонд, ки шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳрҳои баргузидаи ҷаҳонӣ, аз қабили Рим (Италия), Афин (Гретсия), Ашхобод (Туркманистон), Боку (Озарбойҷон) ва Бишкек (Қирғизистон) бо раъйи кулли хайати ҳакамони озмуни ҷаҳонӣ  ба Ҷоизаи  «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди  “Роҳи абрешим” сазовор дониста шуд.

Зикр гардид, ки шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву адён, гуфтугўи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ  бо Ҷоизаи мазкур сарфароз гардонида шуд ва умед аст, ки дар ин самт шаҳрдории Душанбе ва сокинони он, минбаъд низ иқдомоти беназири оламшумул анҷом медиҳанд.

Сипас, ҷаноби Ченг Гуопинг – Раиси Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» дар ваъзияти тантанавӣ ҷоизаи зикршударо ба Раиси шаҳр супорид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сипосмандӣ, ин арзёбии  Бунёди  “Роҳи абрешим” ва ҳайати ҳакамонро бобати дар радифи дорандагии Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО сарфароз гардонидани шаҳри Душанбе ба Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди “Роҳи абрешим” самараи заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдорию пайравии бесобиқаи сокинони пойтахт ва аҳли ҷомеа аз ин сиёсат маънидод намуда, афзуд, ки шарафёбии навбатӣ бешубҳа аз роҳбарияти шаҳр ва сокинону институтҳои шаҳрвандии пойтахт масъулияти бештарро дар фаъолияти пайвастаю пайгирона барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардан дар фазои дарк ва таъмини волоияти қонун  тақозо менамояд.

Дар ин ҷода тамоми тадбирҳо андешида хоҳанд шуд, ки шараф ва обрўю мартабаи шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо таъмини рушди босубот, ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеа дар фазои сулҳу ваҳдат ҳифз карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳуми ин асари...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.