Ғалабаи навбатии футболбозони тоҷик бар дастаи Афғонистон

Дар бозии дӯстона миёни мунтахабҳои футболи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки рӯзи 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, футболбозони тоҷик дастаи Афғонистонро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст доданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон муаллифи тӯби ягона дар бозӣ ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов аст, ки онро дар дақиқаи 74-уми […]

Asia-Plus

Дар бозии дӯстона миёни мунтахабҳои футболи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки рӯзи 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, футболбозони тоҷик дастаи Афғонистонро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст доданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон муаллифи тӯби ягона дар бозӣ ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов аст, ки онро дар дақиқаи 74-уми бозӣ ба самар расонидааст.

Гуфта мешавад, байни мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Афғонистон 6 бозӣ доир гардида, дар 5-тои он футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд ва таносуби тӯбҳо 13 бар 2 ба фоидаи тоҷикистониён аст.

Ин бозии охирини мунтахаби футболи ҷумҳурӣ дар соли равон аст. Таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов мунтахаби Тоҷикистон 7 бозӣ гузаронида, дар 4-тои он ғолиб (Бангладеш – 5:0 ва 1:0; Туркманистон – 3:0 ва Афғонистон – 1:0) омад ва 3 бозӣ мусовӣ (Сурия – 0:0, Фаластин – 1:1 ва 3:3) анҷом ёфт.

Қобили зикр аст, ки соли оянда мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 иштирок мекунад. Рӯзи 18 январи соли оянда маросими қуръапартоии ин марҳилаи мусобиқа баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.