«Коммерсант»: террористони эҳтимолӣ ҷинояткорони маъмулианд

Зодагони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербурги Русия ба гумони омодагӣ ба содир кардани амалҳои террористӣ дар қаламрави ин кишвар боздошт шуданд, мутааасибони мазҳабӣ набуда, ба сафҳои ташкилоти дар Русия фаъолияташ манъшудаи «Давлати исломӣ» танҳо ба хотири озод шудан аз ҷавобгарӣ дар парвандаҳои ҷиноии дар ватанашон бозшуда пайвастанӣ будаанд. Бино ба маълумоти […]

Asia-Plus

Зодагони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербурги Русия ба гумони омодагӣ ба содир кардани амалҳои террористӣ дар қаламрави ин кишвар боздошт шуданд, мутааасибони мазҳабӣ набуда, ба сафҳои ташкилоти дар Русия фаъолияташ манъшудаи «Давлати исломӣ» танҳо ба хотири озод шудан аз ҷавобгарӣ дар парвандаҳои ҷиноии дар ватанашон бозшуда пайвастанӣ будаанд.

Бино ба маълумоти «Коммерсант», ҳамаи 10 нафар боздоштшудагон аллакай ба омодагирӣ ба содир кардани амали террористӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург иқрор шуда, ҳарчанд дар шаҳрҳои гуногуни Русия кору иқомат кунанд ҳам, тариқи интернет бо ҳам мукотиба дошта, ҳамаи онҳоро гурез аз ватаншон барои озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноӣ муттаҳид кардааст.

Гуфта мешавад, танҳо се тан аз онҳо барои робита доштан бо исломгароёни тундгаро ва боқимонда ба гумони даст доштан дар содир кардани ҷиноятҳои маъмулӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор доштаанд.

Ахиран ҳамаи аъзои гурӯҳ таҳти таъсири як мутаассиби тоҷик қарор гирифта, ӯ ҳамеша дӯстони худро мутақоид месохтааст, ки «аз пӯсидан дар зиндонҳои ватан, ҳалок шудан дар ҷиҳоди Сурия беҳтар аст».

Зикр мегардад, ки танҳо роҳбари гурӯҳ бо пешвоёни Давлати исломӣ алоқа дошта, ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта ҷиҳати ба Сурия сафарбар кардани одамони худ бо онҳо гуфтушунид доштааст, лекин шояд онҳо аввал ба ӯ тавсия додаанд, ки нахуст барои нишон додани садоқати худ ба «Давлати исломӣ» дар қаламрави Русия амалҳои террористиро роҳандозӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 ноябр Хадамоти федералии амнияти Русия навори видеоиеро мунташир намуд, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон эътироф мекунад, ки дар шаҳри Маскав амали террористӣ содир карданӣ буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.