ВКД ҷанг миёни “мафияи тоҷик” дар Маскавро шарҳ дод

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вобаста ба хабари дар шабакаи интернет дарҷ гардида: «Росбалт: В Москве началась «война» между таджикскими мафиози» шарҳи расмӣ интишор намуд.

Дар шарҳи ВКД Тоҷикистон қайд мешавад, ки ки Муҳаммадиев Лутфулло Абдуҳамидович, командири ягон воҳидоти махсуси ВКД набуда, танҳо ба ҳайси  корманди оперативии яке аз раёсатҳои ВКД фаъолият намудааст, ки 15 сол пеш, яъне соли 2001 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани амале, ки ба шаъну эътибори корманди милитсия доғ меорад, аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати гурӯҳҳои тоҷикони «мафиозе», ки гӯё дар Федератсияи Россия барои «нуфуз» ҷангу ҷанҷол карда бошанд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ахбор ворид нагардидааст.

Хабаргузории TojNews дар ин робита иттилоъ дода буд, ки миёни гуруҳҳои мафиозии тоҷик дар Маскав муноқиша сар зада, мақомоти Маскав аз он изҳори нигаронӣ кардаанд.

«Росбалт» номи ду тоҷикро дар робита ба ин қазия оварда, навиштааст: “Ҳоҷӣ Абдуҷаббор ва Нурулло, ки одамони бонуфузи олами ҷиноии пойтахти Русия маҳсуб мешаванд ва бо ҳам “риштаи дӯстӣ” доштаанд, ба ду сангар ҷудо шудаанд.

Ҳоҷӣ Абдуҷаббор тавассути Нурулло, яке аз фармондеҳони собиқи воҳидҳои махсус дар Тоҷикистон будааст, аз дастгирии мақомоти Маскав бархурдор шуда, тавонистааст дар олами ҷиноӣ нуфуз пайдо кунад ва барои ин ба Нурулло маблағи ҳангуфт пардохт мекардааст, аммо вақтҳои охир ӯ аз иҷрои шартҳои шарикаш саркашӣ мекунад, ки боиси сар задани ин моҷаро гардидааст.

Ин моҷаро ахиран бо як суиқасд ба ҷони Нурулло анҷом шудааст, ки бино ба навиштаи “Росбалт”, кори дасти гуруҳи таъсисдодани ҷиноятии Ҳоҷӣ Абдуҷаббор будааст. Вай аз миёни варзишгарон гуруҳи махсус ташкил карда, бо роҳи зӯрӣ мехост аз таҳти итоати Нурулло берун равад.

Нурулло бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонае ба таври хеле махфӣ табобат мегирад ва тасмим дорад пас аз мураххас шуданаш ба “Ҳоҷӣ” ҷавоби сазовор бидиҳад, ки ба гумони ғолиб муҷиби қурбонии зиёде хоҳад шуд.

Зикр мегардад, ки қазияи қабристони “Хованск” дар қиёс бо ин ҷанг, ки метавонад амалӣ шавад, бозича менамояд. Дар Хованск ҳам, ногуфта намонад, ки бачаҳои Ҳоҷӣ Абдуҷаббор ширкат доштанд.

Дар ҳамин ҳол, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷинояти созмонёфта (УБОП)-и ВКД, вакил Ҷӯрахон Маҷидзода муноқишаҳо миён гурӯҳҳои ҷиноии тоҷикон дар Маскавро афсонаву овозае беш намедонад ва мегӯяд, ин овозаҳоро журналистони рус бо дастгирии як манбаи бесалоҳият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интишор мекунанд.

Генерал-майор Маҷидзоджа мутмаин аст, ки зодагони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав тиҷорату хубу муваффақро роҳандозӣ намуда, миёни ҳамдиёрони худ маъруфу соҳиби эҳтироманд, ба касе халал мерасонанд.

«Тибқи маълумоте, ки ман дар даст дорам, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ Ҳоҷӣ Абдуҷаббор дар шаҳри Маскав тиҷорати назаррасе дошта, ба бисёре аз ҳамдиёронаш кумак мекунад. Тибқи маълумоти расмии ВКД Русия, ки ман дар ихтиёр дорам, ӯ ва одамонаш ба муноқишаи оромгоҳи Хованское ҳеҷ муносибате надоранд», – гуфт вакил.

Номбурда зимнан таъкид дошт, ки ҳамчунин доир ба зодаи Душанбе бо номи Лутфулло низ дар даст маълумот дорад, вале бовар надорад, ки ӯ бо тиҷорати ҷиноӣ алоқаманд аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.