Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар тамоми шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи Президент (16 ноябр) серияи якуми филми коргардони тоҷик Ёрмаҳмад Аралев «Марде аз сарнавишт» намоиш дода мешавад;

– Нимаи аввали рӯз дар бемористони «Истиқлол» ҳамаи хоҳишмандон метавонанд бепул аз ташхиси бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) гузаранд;

– Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон комплекси зудамали ташхисӣ тақдим мекунад. Маросими тантанавӣ нимаи дуюми рӯз дар бемористони «Истиқлол» баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8769 сомонӣ;

1 евро – 8.4976 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1166 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1934 – Дар Душанбе корхонаи таъмири автомобилҳо ба истифода дода шуд.

1946 – Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон матн ва мусиқии гимни давлатии ҶШС Тоҷикистон (шеъри А.Лоҳутӣ, оҳанги С.Юдаков)-ро тасдиқ намуд. Бори нахуст гимн тавассути радиои ҷумҳурӣ шунавонида шуд.

1972 — Агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Норак» мавриди истифода қарор гирифт.

2002 – Дар Душанбе ба муносибати 10-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ даъвати 12-ум маҷлиси ботантана доир гардид.

1939 – Зодрӯзи овозхон Гулрафтор Шаҳобова.

1943 – Мавлуди рӯзноманигор Лутфишоҳи Додо.

1948 – Зодрӯзи хормейстер, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов.

1953 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Тӯраева.

1954 – Зодрӯзи актёри театр Фирӯз Умаров.

1958 – Мавлуди сиёсатшинос Саидмурод Фаттоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +15+20.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +9+14; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +10+15. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +19+21.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +12+14.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...