Назари коршиносон ба қатъи сартосарии барқ дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Корҳои таҳқиқи сабабҳои садама дар низоми энергетикии кишвар, ки рӯзи 28 октябр рух дода, ба қатъи барқ қариб дар саросари кишвар муддати чанд соат боис гардид, то ҳол идома доранд. Коршиносон ин садамаро ба муносибати хунукназаронаи энергетикҳо нисбат ба таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ (ИГТ) марбут медонанд.

«Сабабҳои садама баъди анҷоми кори комиссияи махсус, ки рӯзи дигар баъди садама таъсис дода шуд, эълон мешаванд. Ин корҳо то ҳанӯз идома доранд», – иттилоъ доданд ба «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик».

Ширкати «Барқи тоҷик» қаблан эълон карда буд, ки барои ошкор кардани сабабҳои садама, ки баъди он қариб тамоми ҷумҳурӣ муддати се соат бе барқ монд, ҳадди ақал ду ҳафта муҳлат зарур аст.

Коршиносон садамаро комилан табиӣ ва пешбинишуда мешуморанд, чунки дар иншооти гидротехникии ҷумҳурӣ қоидаҳои истифодабарӣ риоя намешаванд.

«Соли 2010 мо қонун «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ (ИГТ)»-ро қабул карда, бехатарии ИГТ-ро дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурӣ низ танзим мекунанд. Дар ин аснод саҳеҳан тамоми қоидаҳои истифодабарии ИГТ зикр шудааст, аммо на ҳамаи бандҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор риоя мешаванд», – гуфт як коршинос дар бахши гидоэнергетика, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Ба гуфтаи манбаъ, яке аз бандҳои асосии асноди қабулшуда ҳатман баргузор намудани ташхиси давлатии эъломияҳои бехатарии ИГТ мебошад.

«Зимни баргузории чунин ташхис комиссияи махсус қисматҳои хавфноки иншоотро муайян месозад, то ки минбаъд баҳри пешгирии онҳо чораҷӯӣ шавад, вале ҷудо кардани маблағ барои баргузор кардани чунин ташхисро дар мо харҷи беҳудаи пул меҳисобанд ва бо назардошти ин, рух додани чунин садамаҳо комилан имконпазир аст. Ягона иншооти энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ки бар асоси таҳқиқи эъломиявӣ мавриди истифода қарор дорад, нерӯгоҳи Сангтӯда-1 аст», – афзуд номбурда.

Намояндаи яке аз мақомоти энергетикии кишвар, ки таври маълум ӯ низ аз ифшои ному насаабаш худдорӣ варзид, дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин садама ҳама гуна иншоот, сар аз нерӯгоҳи Норак то зеристгоҳи «Регар-500» ва ҳатто корхонаи алюминий низ айбдор буда метавонанд.

«Дар асл бошад, ба нерӯгоҳи Норак оид ба қатъи қабули барқ аз ҷониби истеъмолгарон огоҳии бардурӯғ мерасад. Таҷҳизоти муосир дарҳол ба кор даромада, кори агрегатҳои нерӯгоҳ ба таври автоматӣ боздошта мешаванд, то ки аз садамаҳои бештар бузург пешгирӣ шавад. Акнун касе масъулияти садмаро ба дӯш гирифтанӣ нест ва ҳама онро ба гардани нерӯгоҳи Норак «бор карданианд» ва ин ҳам дар ҳолест, ки маҳз нерӯгоҳ огоҳии мавҷуд набудани истеъмолгаронро дуруст қабул намуда, истеҳсоли барқро боздошт, ки баъдан интиқоли он ғайриимкон буд», – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе маълумот, барои ошкор кардани сабабҳои ин ҳолат коршиносони русиягӣ ба Тоҷикистон даъват шудаанд, зеро қонун ва санадҳои зерқонунии Тоҷикистон дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ пурра аз қонунгузории Русия рӯнавис шудаанд.

Ҳарчанд дар ширкати «Барқи тоҷик» ин маълумотро қотеъона рад мекунанд, вале манбаъҳо дар ниҳодҳои энергетикӣ мегӯянд, гурӯҳи мутахассисони русиягӣ бо сарварии Дмитрий Радкевич, ки солҳои ахир ба ҳайси сардори Маркази бехатарии иншооти гидротехникии Вазорати энергетикаи Русия фаъолият доштааст, аллакай ба кор оғоз намудааст. Айни замон Дмитрий Радкевич маҳз дар соҳаи баргузор намудани ташхисҳои эъломияи бехтарии иншооти гидротехникӣ машғули кор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...