Эрдуғон: Ҳадафи мо ба соҳибони аслиаш баргардондани Сурия аст

Радиои Озодӣ

Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – далели вуруди нерӯҳои кишвараш ба Сурияро “хотима додан ба ҳукумати Башор Асад” донистааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

“Вуруди мо ба Сурия ҳеҷ далели дигар надорад. Мо барои иҷрои адолат ба Сурия рафтаем, то ба ҳукумати Асади худкома поён диҳем. Касе, ки мардуми худашро ҳадафи террори давлатӣ қарор додааст”, – таъкид кардааст ӯ дар ҳамоише дар Истанбул, ки рӯзи 29 ноябр баргузор шуд. Раисиҷумҳури Туркия гуфтааст, ин кор барои он аст, ки Сурия ба соҳибони аслиаш баргардонда шавад.

Қаблан дафтари нахуствазири Туркия расман аз оғози амалиёти низомии артиши ин кишвар дар хоки Сурия бо ҳадафи берун рондани ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз шаҳри марзии Ҷароблус хабар дода буд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳаргиз мухолифати худро бо Башор Асад ва ҳукумати ӯ пинҳон накардааст. Вале баёни ин мавзӯъ, ки дахолати Туркия бо ҳадафи поён додани ҳукумати Асад аст, дастикам дар гузоришҳо ва хабарҳои расмӣ то кунун бозтобе пайдо накарда буд. Хабаргузории Ройтерс ҳатто мегӯяд, ки Эрдуғон барои нахустин бор тайи моҳҳои гузашта номи Башор Асадро ба таври мустақим дар суханронии худ баён кард.

Ин суханон дар ҳоле изҳор шуда, ки Туркия ба беҳбуди равобити худ бо Русия низ иқдом кардааст. Кишваре, ки аз ҳомиёни аслии Башор Асад ба шумор меравад ва дар канори Эрон ҳамвора ҳадафи интиқоди кишварҳои ғарбӣ аст. Аз нигоҳи мунтақидон, ҳузури низомӣ ва ҳимояти Эрону Русия аз Димишқ монеи пайдо шудани роҳи ҳалли сиёсӣ барои хатми ҷанги дохилии Сурия шудааст.

Ҷанги Сурия бештар аз панҷ сол боз идома дорад ва дар ин муддат ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид ҳудуди 300 ҳазор нафар кушта ва ҳазорҳо тани дигар овора шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт, вориди шаҳри Тошканд шуд ва дар фурудгоҳи ин шаҳр ӯро Шавкат...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...