Сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Чехия

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт қарор дорад, пагоҳ, 2 декабр бо сафари расмӣ ба Чехия меравад. Ин сафари ҷавобӣ бо даъвати президенти Чехия аст, ки зимни сафараш ба Тоҷикистон садо дода буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, аз рӯи натиҷаҳои сафар ва гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Чехия Милош Земан имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2014 президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Аз рӯи натиҷаҳои ин сафар Эъломияи муштараки Президенти Тоҷикистон ва Президенти Чехия қабул шуда, ҳамчунин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Чехия; Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расид.

Зимни нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан аз натиҷаҳои вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои расмӣ қаноатмандӣ изҳор намуда, таъкид доштанд, ки ҳарду кишвар ба таҳким ва густариши муносибатҳо манфиатдоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.