Спитамен Бонк: бароҳатии мизоҷон муҳим аст!

Иттилоияи расмӣ

Ҳамаи мо мехоҳем, ки хизматрасонӣ дастрасу дорои сифати хуб бошад ва вақти зиёдро талаб накунад. Дар соҳаи қарздиҳӣ низ, мизоҷон мехоҳанд, қарзҳо дастрас бошанду хизмат дар сатҳи баланд расонида шавад ва раванди қарзгирӣ дер давом накунад.

Муҳимии омили вақтро ба назар гирифта,  барои сарфа намудани вақти мизоҷон ҳангоми қарзгирӣ, Спитамен Бонк  барои гирифтани қарз он-лайн дархостро ҷорӣ намуд. Акнун  барои фаҳмидани шартҳои қарз ва интихоб кардани маҳсулоти қарзӣ ба бонк омадан зарур нест. Дар сомонаи Бонк (www.spitamen.com) пур кардани онлайн дархост барои қарз кофӣ аст. Пур кардани ин дархост хеле осон буда, вақти зиёд намегирад. Дар бораи ному насаб, рақами телефон ва шаҳри худ маълумот додан кифоя аст! Тавре, ки мебинед, ин хеле оддист!

 Баъд аз равон кардани дархост, мутахассисони  Спитамен Бонк бо Шумо тамос гирифта, маълумоти заруриро пешниҳод мекунанд ва дар бораи қадамҳои минбаъда маслиҳат медиҳанд.

Роҳбарияти Спитамен Бонк боварӣ дорад, ки содда кардани дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ ва ихтисоркунии монеаҳо дар ҳамкорӣ бо бонкҳо имконият медиҳад, сифати хизматрасонӣ ба таври назаррас баланд бардошта шаваду  ва боварии мизоҷон ба соҳаи бонкдорӣ тақвият  бахшад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.