Вазорати молия иштибоҳи худ дар мавриди даромадҳои ТАЛКО-ро эътироф кард

Asia-Plus

Вазорати молияи Тоҷикистон эътироф мекунад, ки зимни таҳияи маводи таҳлилии қаблан нашршуда дар бораи фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар давраи солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 ба иштибоҳҳо роҳ додааст.

Дар маводи таҳлилии нави Вазорати молия қайд мешавад, ки қаблан дар таҳлили пешина бо сабабҳои техникӣ ба хатогиҳо роҳ дода шудааст, ки боиси нофаҳмиҳо гардид.

«Аз ҷумла, дар сохтори даромадҳои умумии корхона амалиётҳои содиротиву воридотӣ зикр гардида буданд, ки ба фаъолияти молиявии корхона муносибат надоранд ва мутаносибан нишондиҳандаҳои вазъи молии он шуда наметавонанд», – омадааст дар гузориши нави Вазорати молия.

Дар Вазорати молия ҳамчунин эътироф мекунанд, ки даромадҳои рӯйпӯшшуда аз ҷониби ТАЛКО дар ҳаҷми 3,8 млрд. сомонӣ (1,1 млрд. доллари ИМА), ки дар гузориши гузашта нишон дода шудааст, асоси воқеӣ надоранд. Дар ин маврид Вазорати молия боз ҳам ба иштибоҳҳои техникӣ ва ҳамчунин омили инсонӣ ишора мекунад.

Қайд мешавад, ки дар ТАЛКО аз соли 2014 то нимсолаи аввали соли ҷорӣ санҷиши аудиторӣ гузаронида нашудааст. «Ширкат уҳдадор аст, ки давоми семоҳаи аввали соли 2017 санҷиши аудитории давраи солҳои 2014-2015-ро ба анҷом расонида, натиҷаҳои онро дар сомонаи худ нашр созад», – таъкид мекунанд дар вазорат.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати молия гузориши таҳлилӣ доир ба фаъолияти ТАЛКО дар давраи солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016-ро нашр карда буд. Дар он зикр гардида буд, ки ТАЛКО дар ҳисоботҳои худ даромадҳо дар ҳаҷми 3,8 млрд. сомонӣ (1,1 млрд. доллари ИМА)-ро, ки аз ҳисоби савдои хориҷӣ ба даст овардааст, нишон надодааст. Айни замон ин гузориш дастрас нест.

Ҳамчунин таъкид гардида буд, ки дар робита ба гузаштан ба низоми толлингӣ, ширкат ба вазъи ногувори молиявӣ дучор шудааст.

Баъдан ТАЛКО ин иддаъоҳоро рад намуда, ба Вазорати молия пешниҳод намуд, ки барои санҷиши «далелҳо»-и зикршуда комисссияи муштарак таъсис дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.