Оғози парвозҳо байни Тошканду Душанбе аз аввали соли оянда

Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон- Душанбе ва Тошканд парвозҳо фаъол хоҳанд гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, рӯзи 30 ноябр дар Вазорати нақлиёти кишвар байни ҳайати Тоҷикистону Ӯзбекистон санад оид ба ҳамкорӣ ба имзо […]

АМИТ «Ховар»

Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон- Душанбе ва Тошканд парвозҳо фаъол хоҳанд гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 30 ноябр дар Вазорати нақлиёти кишвар байни ҳайати Тоҷикистону Ӯзбекистон санад оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво Йуллари» ба роҳ мемонанд. «Парвозҳо ҳафтае ду маротиба аз тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд- Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Тавассути ин хатсайр ҳамлу нақли мусофирони транзитӣ ва нафароне, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон сафар намоянд, роҳандозӣ мешавад. Ин ба соҳаи авиатсияи ду ҷониб такони тоза мебахшад. Дар назар аст, ки дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда шавад, зеро ин нуқта дар протокол дарҷ шудааст», – илова намудааст ӯ.

Зимнан зикр мегардад, ки бино ба дурнамои вазорат, минбаъд роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо  байни дигар шаҳрҳои ин ду кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷамила Ҳусейнова, котиби матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштааст, ки ҳайати Ӯзбекистон имрӯз аз фурудгоҳи байналмилалӣ, кори хадамоти он ва терминали байналмилалӣ дидан намуда, барои ҳамкорӣ дар гусел ва қабули мусофирон бо фурудгоҳ ба тавофуқ расиданд.

Қобили зикр аст, ки то аввали соли оянда беҳбудиҳои хеле назаррас дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст. Тавре як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дода буд, ба наздикӣ дар Душанбе баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии кишварҳо оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар назар буда, раисони комиссия аз ду ҷониб муовинони аввалини нахуствазирони кишварҳо Рустам Азимов (Ӯзбекистон) ва Давлаталӣ Саид (Тоҷикистон) мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.