Қарзҳои кӯтоҳмуҳлату фоизҳои баланд барои тиҷорат дар Тоҷикистон

Бонкҳои Тоҷикистон ба сармоя аз хориҷи кишвар ниёз доранд, то ки барои ба соҳибкорони маҳаллӣ пешниҳjl кардани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат имконият пайдо кунанд. Соҳибкорони тоҷик аз дастнорас будани қарзҳои дарозмуҳлати бонкӣ шикоят дошта, ғайриимкон будани пешбурди тиҷорати худ аз ҳисоби қарзҳои кӯтоҳмуҳлат бо фоизҳои баландро зикр мекунанд. Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ қодир […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонкҳои Тоҷикистон ба сармоя аз хориҷи кишвар ниёз доранд, то ки барои ба соҳибкорони маҳаллӣ пешниҳjl кардани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат имконият пайдо кунанд.

Соҳибкорони тоҷик аз дастнорас будани қарзҳои дарозмуҳлати бонкӣ шикоят дошта, ғайриимкон будани пешбурди тиҷорати худ аз ҳисоби қарзҳои кӯтоҳмуҳлат бо фоизҳои баландро зикр мекунанд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ қодир набудани бонкҳои ҷумҳурӣ ба пешниҳоди қарзхои дилхоҳи тоҷирон дар шароити ҳозираро эътироф мекунад.

«Бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорон аз ҷониби бонкҳо, як мушкил вуҷуд дорад: бонкҳо алҳол танҳо ба пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлат имкон доранд», – иброз дошт Икромӣ рӯзи 30 ноябр дар Душанбе зимни кори симпозиум дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо».

Мушкилоти мазкурро муовини раиси Бонки миллӣ ба он марбут медонад, ки воситаҳои аз ҷониби худи бонкҳо ҷалбшуда кӯтоҳмуҳлат мебошанд. «Мувофиқи таҳлилҳо, муҳлати ҳудуди 80%-и амонатҳои аҳолӣ то 1 солро ташкил медиҳад ва мутаносибан бонкҳо танҳо қарзҳои кӯтоҳмуҳлат пешниҳод карда метавонанд», – шарҳ дод ӯ.

Икромӣ зарурати тақвияти корҳо дар самти дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории соҳибкорон дар давраи дарозмуҳлат ва бо имтиёзҳоро зикр карда, таъкид дошт, ки бо ин мақсад баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва байнулмилалӣ тадбирҳо андешида шуда, қонунгузорӣ дар баробари шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ғайрирезидентҳо ҳам имкон фароҳам овардааст, ки бар асоси баробарӣ амалиёти бонкиро дар қаламрави кишвар роҳандозӣ намоянд.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки айни замон аз 18 бонки Тоҷикистон 7-тои онҳо бо иштироки сармояи байнулмилалӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла дар низоми бонкии Тоҷикистон сармояи Бонки исломии рушд (6,1 млн. $), Бонки рушди Чин (20 млн. $), Бонки осиёгии рушд (3,6 млн. $) ва Бонки аврупоии таҷдиду руш (58 млн. $) ҳузур доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.