Соли 2017 Русия Тоҷикистонро бо нахустин ҳавопаймоҳои ҷангӣ таъмин мекунад

Дар вохӯрӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор доштааст, ки соли 2017 Русия ба фиристодани миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳову чархболҳо ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд. «Соли оянда марҳилаи калидии ҳамкории низомӣ-техникии мо, таҳвили аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ фаро […]

Asia-Plus

Дар вохӯрӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор доштааст, ки соли 2017 Русия ба фиристодани миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳову чархболҳо ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд.

«Соли оянда марҳилаи калидии ҳамкории низомӣ-техникии мо, таҳвили аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ фаро мерасад. Аз ҷумла, ин миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, ҳавопайаоҳо ва чархболҳо мебошад. Фикр мекунам, ки ин корҳо саривақт ва тибқи нақша ба иҷро мерасанд. Албатта, ин иқдом ба таъмину амнияту субот  дар ин минтақа мусоидат мекунад», – овардааст гуфтаҳои Шойгуро Вазорати мудофиаи Русия.

Қобили зикр аст, ки дар ин мулоқот вазирони мудофиаи Русия ва Тоҷикистон Нақшаи ҳамкориҳо миёни вазоратҳои ҳарду кишвар дар соли 2017-ро ба имзо расонидаанд.

Шойгу ҳамчунин зикр кардааст, ки Русия ба омодасозии афсарону мутахассисони воҳидҳои миёна ва хурди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад кард.

Дар навбати худ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо қайд кардааст, ки «марзҳои ҷанубии иттиҳоди мо таҳти ҳимояи боэтимод қарор хоҳанд дошт».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.