Идомаи сафари президенти Тоҷикистон дар Аврупо

Шоми рӯзи 30 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз  анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Прага «Ватслав Ҳавел» Сарвари давлати Тоҷикистонро роҳбарият ва намояндагони сатҳи баланди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия истиқбол гирифтанд. Дар […]

Asia-Plus

Шоми рӯзи 30 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз  анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Прага «Ватслав Ҳавел» Сарвари давлати Тоҷикистонро роҳбарият ва намояндагони сатҳи баланди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Президенти Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон, вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар ва гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Чехия Милош Земан имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

Сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо санаи 27 ноябр оғоз гардид. Дар ин рӯз ӯ ба Маҷористон ташриф оварда, дар кори Саммити об иштирок ва суханронӣ намуд. Санаи 30 ноябр дар Будапешт Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо дидору гуфтушунид кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.