Расму оинҳои Наврӯз дар феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО

Расму оинҳои ҷашни Наврӯз, рақси кубагии румба ва ҳамчунин фарҳанги тайёр кардани оби ҷав (пиво) дар Белгия ба Рӯйхати тозанамуд (муаррифӣ)-и мероси ғайримоддии фарҳангии Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) шомил гардиданд. Бино ба маълумоти сомонаи Маркази иттилооти СММ, дар ҷаласаи Кумитаи ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии Созмон дар Эфиопия дар ин бора қарори дахлдор […]

Asia-Plus

Расму оинҳои ҷашни Наврӯз, рақси кубагии румба ва ҳамчунин фарҳанги тайёр кардани оби ҷав (пиво) дар Белгия ба Рӯйхати тозанамуд (муаррифӣ)-и мероси ғайримоддии фарҳангии Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) шомил гардиданд.

Бино ба маълумоти сомонаи Маркази иттилооти СММ, дар ҷаласаи Кумитаи ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии Созмон дар Эфиопия дар ин бора қарори дахлдор қабул шудааст.

Гуфта мешавад, дархости дахлдор ҷиҳати ба ин рӯйхат шомил гардидани расму оинҳои ҷашни Наврӯз аз ҷониби гурӯҳи давлатҳо – Озарбойҷон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон ворид шудааст.

«Дар доираи ҷашни Наврӯз муддати ду ҳафта расму оинҳои гуногун гузаронида шуда, таъомҳои махсус омода мешаванд. Мардум бо оилаҳои худ ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ рафта, дар расму оинҳои гуногуни мардумӣ дастаҷамъона иштирок мекунанд», – омадааст дар хабари ЮНЕСКО.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Кумита дар Эфиопия ҳамчунин дархости Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати ба Рӯйхати тозанамуди мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидани «оши палав» низ баррасӣ мешавад.  

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли гузашта Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Фарҳанги оши палав» ва «Фалак»-ро ҷиҳати шомил намудан ба феҳристи фарҳангии ғайримоддии Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) пешниҳод карда буд.

Ёдрас мекунем, ки 19 феврали соли 2010 бо ташаббуси як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон дар бораи эълони Наврӯз ҳамчун «Ҷашни байнулмилалии тамоми халқҳо» қатъномаи СММ қабул карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.