Абдунабӣ Сатторзода доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия шуд

Ӯ яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабии тоҷик аст.

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филологӣ ва адабиётшиносу мунаққиди маъруфи тоҷик, ба унвони баланди илмии доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия сарфароз гардид.

Тибқи иттилои расмӣ, Шӯрои илмии Институти шарқшиносии Русия дар ҷаласаи 4-уми марти соли 2026 ин қарорро қабул намудааст.

Дар номаи табрикотии роҳбарияти институт, ки ба унвони Сатторзода фиристода шудааст, ин унвон ба хотири саҳми назарраси олим дар таҳқиқи таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва рушди илмҳои гуманитарӣ ба ӯ эҳдо гардидааст.

“Саҳми Шумо дар таҳқиқи таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дастоварди дурахшони илми гуманитарии муосир мебошад; пайванди забоншиносӣ бо адабиётшиносӣ дар омезиш бо равиши интиқодӣ на танҳо аслият ва хусусияти хоси фаъолияти илмии Шумо, балки арзиши фавқулодаи онро барои ҷомеаи миллӣ ва байналмилалӣ нишон медиҳад”, – навиштаанд дар табрикнома.

Шӯрои илмии Институти шарқшиносӣ дар он нома гуфтааст, ки “асарҳои Шумо ҳудуди равиши байнисоҳавиро дар илмҳои гуманитарӣ густариш дода, таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаро ҷалб намуданд. Истифодаи таҷриба ва дониши Шумо дар соҳаи сиёсат ва дипломатия китобҳоятонро на танҳо дар фазои пасошӯравӣ, балки берун аз марзҳои Тоҷикистон низ серхаридор гардониданд”.

Таъкид шудааст, ки Сатторзода “дар илми фарҳангшиносӣ, назарияи шеър ва забоншиносии тоҷик саҳми гаронбаҳо” дорад ва фарохии ҷаҳонбиниаш, таҷрибаи илмию касбиаш “барои ҳар як олим намунаи ибрат мебошад”.

Институти шарқшиносӣ яке аз пажӯҳишгоҳҳои маъруфи Русия буда, солҳо Бобоҷон Ғафуров ба он роҳбарӣ мекард. Ин институт унвони Доктори фахриро ба пажӯҳишгароне медиҳад, ки таҳқиқоти арзишманде анҷом додаанд, ки ҳавзаи фарохеро фарогир асту арзиши байналмилалӣ дорад.

Абдунабӣ Сатторзода чанде пеш нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедилро соҳиб шуд ва онро моҳи январи имсол дар пойтахти Эрон ба адабиётшиноси тоҷик тақдим карданд.

Аввалин Ҷоизаи байналмилалии Бедил ҳам барои саҳми арзанда дар рушди илми адабиётшиносӣ ва таълифоти мондагор дар заминаи адабиёти форсии тоҷикӣ ба Абдунабӣ Сатторзода тақдим шудааст.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, яке аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон буда, доктори илми филология ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аст. Муаллифи беш аз 15 китоб ва 400 мақолаи илмиву оммавӣ мебошад.

Ғайр аз корҳои илмиву пажӯҳишҳои адабӣ, Сатторзода замоне ба сиёсат рӯ оварда, дар ҳама музокироти сулҳи тоҷикон ширкат карда, солҳо муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон будааст. Соҳиби рутбаи дипломатии кордори фавқулода ва мухтори дараҷаи аввал мебошад.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст ва ҳоло дар ин иттиҳодияи адабӣ фаъолият дорад.

Моҳи феврали имсол ба синни 85 қадам гузошт ва ҳамон шабу рӯз бо мо мусоҳиба ороста, аз корҳои адабӣ то фаъолияти сиёсиаш гуфтугӯ кард. Ин мусоҳибаро дар ин пайванд пайдо кунед: “Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.