«Оши палов» ва «Фалак» дар феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО?

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Фарҳанги оши палов» ва «Фалак»-ро ҷиҳати шомил намудан ба феҳристи фарҳангии ғайримоддии Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) пешниҳод кардааст. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, бо мақсади дастгирӣ ва роҳандозии сиёсати фарҳангӣ ва илмии ҳукумат, номинатсияҳои нав барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кардани фарҳанги ғании тоҷикон ва ҳамчунин нигаҳдориву ба […]

Мавзуна Абдуллоева



Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Фарҳанги оши палов» ва «Фалак»-ро ҷиҳати шомил намудан ба феҳристи фарҳангии ғайримоддии Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) пешниҳод кардааст.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, бо мақсади дастгирӣ ва роҳандозии сиёсати фарҳангӣ ва илмии ҳукумат, номинатсияҳои нав барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кардани фарҳанги ғании тоҷикон ва ҳамчунин нигаҳдориву ба насли оянда мерос гузоштани онҳо имкони мусоид фароҳам меоваранд.

Айни замон мутахассисони Вазорати фарҳанг ба корҳои таҳқиқоти илмӣ, барӯйхатгирӣ ва таҳияи матни номинатсияи «Оши палов» (Таоми миллӣ ва анъанаҳо) ва номинатсияи «Фалак» (Ҳунарҳои сарояндагӣ) машғул буда, сипас он барои шомил гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод мешавад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи навбатии кумитаи байнулмилалии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки дар Намибия доир мегардад, аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди номинатсияи «Чакан» дар назар буда, он имкон медиҳад, ки ҷаҳониён бори дигар бо мероси ғании фарҳангии тоҷикон аз наздик ошно гарданд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба корҳои таҳияи мавод ҷиҳати ба комиссияи байнулмилалии ЮНЕСКО пешниҳод кардани номинатсияҳои «Читгарӣ» ва «Атлас» идома медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.