Намояндагони 22 ширкати муваффақи Фаронса ба Душанбе меоянд

Як ҳайати сершумори соҳибкорони фаронсавӣ ҷиҳати иштирок дар кори нахустин ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса ба Душанбе ташриф меоранд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд, ин чорабинӣ рӯзи 24 апрел дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ доир мегардад. Ба иттилои манбаъ, баҳри иштирок дар кори ҳамоиш таҳти раҳбарии муовини […]

Пайрав Чоршанбиев



Як ҳайати сершумори соҳибкорони фаронсавӣ ҷиҳати иштирок дар кори нахустин ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса ба Душанбе ташриф меоранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд, ин чорабинӣ рӯзи 24 апрел дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, баҳри иштирок дар кори ҳамоиш таҳти раҳбарии муовини раиси Иттиҳодияи соҳибкорони Фаронса MEDEF Филипп Готйе намояндагони 22 ширкати муваффақи Фаронса ба пойтахти Тоҷикистон меоянд.

Интизорӣ меравад, ки ҳайати фаронсавиро роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Фаронса, сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва намояндагии дипломатии Фаронса дар Афғонистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Дар кори ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони бахши хусусӣ (беш аз 50 ширкатҳои ватанӣ), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва дигар сохторҳои манфиатдор ширкат меварзанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистону Фаронса ҳамагӣ ҳудуди 9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 тақрибан 35% камтар аст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо наздики 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.