Кандани беш аз 1 ҳазор танӯр дар Душанбе аз оғози сол

Asia-Plus

Аз оғози сол дар пойтахти Тоҷикистон ҳазорон сохтмонҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла дӯкону мағозаҳо ва танӯрҳо бартараф карда шуданд. Беш аз 500 ҳазор метри мураббаъ қитъаи замини давлатӣ ба ҳолати аввалааш баргардонида шуд.

Дар ҳисоботи солонаи Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба натиҷаҳои аксияи «130 рӯзи ободонӣ дар шаҳр» қайд мешавад, ки дар ин давра 164 дӯкон, 1144 танӯр, 3273 мошинсарой (гараж), 134 контейнери ғайриқонунӣ сохташуда бартараф гардида, 559 ҳазору 279 метри мураббаъ қитъаи замини худсарона азхудшуда ба ҳолати пешинаашон баргардонида шудаанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид доштааст, ки чанде аз сокинони пойтахт аз бартараф кардани сохтмонҳои ғайриқонунӣ изҳори ташвиш намудаанд, вале риояи қоидаҳои санитарӣ дар шаҳр ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ барои ҳар як сокини шаҳр ҳатмӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, мебояд хотиррасон намуд, ки мақомоти шаҳрдории пойтахт ба сокинон ваъда дода буд, ки танӯрҳои муосир месозад. Тобистони соли равон Расулов Ашурбег, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар ин робита изҳор дошта буд, ки дар Душанбе танӯрҳои наву замонавӣ пайдо мешаванд ва бо ин мақсад шаҳрдорӣ лоиҳаҳои ангории якчанд намуди танӯрҳои замонавиро таҳия дорад, ки баъдан тибқи озмун интихоб ва дар назди биноҳои истиқоматӣ насб карда хоҳанд шуд.

Номбурда қайд карда буд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сармеъмори шаҳри Душанбе низ бо назардошти ниёзи мардум ба ин гуна танӯрҳо, аз ин тасмим ҷонибдорӣ кардаанд. Акнун ба мавҷуд будани се-чор танӯр барои як бинои истиқоматӣ хотима гузошта шуда, минбаъд барои чандин бинои истиқоматӣ як танӯр гузошта хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардида буд, ки ин  нақша баъд аз тахриби иншоотҳои ғайриқонунӣ дар доираи ободонии шаҳраку маҳаллаҳо сурат хоҳад гирифт. Инчунин масъалаи манбаъи сӯзишворӣ барои танӯрҳо низ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, тахриби танӯрҳои ғайриқонунӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ, ки ба талаботу меъёрҳои шаҳрнишинӣ ҷавобгў намебошанд,  бо тасмими шаҳрдории Душанбе чанд соли пеш гирифта шуда,  барои анҷом додани ин амалиёт як комиссияи ҳукуматӣ ташкил карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.