БМТ: моҳи декабр таваррум аз сатҳи пешбинишуда зиёд намешавад

Asia-Plus

Тибқи таҳлилҳо интизор меравад, ки дар моҳи декабри соли равон омилҳои кӯтоҳмуддат, аз он ҷумла мавсимӣ таъсири худро ба сатҳи таваррум бештар мерасонанд. Дар шарҳи моҳонаи сатҳи таваррум, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нашр шудааст, зикр мегардад, ки новобаста аз ин, меъёри таваррум дар интиҳои сол дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда – 7,0 фоизи солона […]

Тибқи таҳлилҳо интизор меравад, ки дар моҳи декабри соли равон омилҳои кӯтоҳмуддат, аз он ҷумла мавсимӣ таъсири худро ба сатҳи таваррум бештар мерасонанд.

Дар шарҳи моҳонаи сатҳи таваррум, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нашр шудааст, зикр мегардад, ки новобаста аз ин, меъёри таваррум дар интиҳои сол дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда – 7,0 фоизи солона нигоҳ дошта мешавад.

Қайд мешавад, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ мизони таваррум ба 0,6% баробар шудааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 0,4% зиёдтар аст.

Аз ҷумла моҳи гузашта, маҳсулоти ғизойӣ 0,6%, маҳсулоти ғайриғизойӣ – 0,7% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 0,5% қимат шудаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон 5,8% ва сатҳи миёнаи моҳонаи таваррум дар тамоми давраи сол – 0,52%-ро ташкил додааст.

Давоми моҳҳои январ ноябри соли 2016 нарху тарифҳо ба маҳсулоти ғизойӣ ва хизматгузориҳои пулакӣ – 5,8% ва арзиши маҳсулоти ғайриғизойӣ – 5,7% боло рафтаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2016-ро Бонки осиёгии рушд – 7%, Бонки ҷаҳонӣ – 7,5% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 8,2% пешгӯӣ мекунанд.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад