Ҳалокати 12 нафар бар асари амали террористӣ дар Берлин

Бар асари ба миёни издиҳоми мардум ворид шудани автомашинаи боркаш дар ярмарка ба муносибати ҷашни Мавлуди Исо дар яке аз майдонҳои шаҳри Берлини Олмон 12 нафар ҳалок ва ҳудуди 50 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Хабаргузории РБК менависад, дар робита ба ин ҳодиса мақомоти пулиси шаҳри Берлин аз сокинони шаҳр дархост […]

Asia-Plus

Бар асари ба миёни издиҳоми мардум ворид шудани автомашинаи боркаш дар ярмарка ба муносибати ҷашни Мавлуди Исо дар яке аз майдонҳои шаҳри Берлини Олмон 12 нафар ҳалок ва ҳудуди 50 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.

Хабаргузории РБК менависад, дар робита ба ин ҳодиса мақомоти пулиси шаҳри Берлин аз сокинони шаҳр дархост кардааст, ки «ҳар гуна овозаҳо паҳн накарда, манзилашонро тарк накунанд».

Тибқи маълумоти расонаҳои гуногун, ронандаи автомашинаи мазкур як гуреза аз Покистон буда, марди дигар – мусофири автомашина кушта ва ронандаи он, ки аз ҷойи ҳодиса паноҳ бурдааст, баъдтар боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, автомашинаи боркаш ба яке аз ширкатҳои Лаҳистон (Полша) тааллуқ дошта, эҳтимол меравад, ки он рабуда шудааст. Ин автомашина дар қаламрави бозор (ярмарка) 80 метр масофаро тай кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.